Як манбаъ аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳамаи фирориёни Афғонистон, ки аз ҳамлаи "Толибон" ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, дубора ба ин кишвар баргардонида шудаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ба ҷуз қирғизҳои бумии Афғонистон, ки аз тарси "Толибон" рӯзи 13-уми июл ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон паноҳ овардаанд, дигар ҳамаи фирориён дубора ба Афғонистон баргаштанд.
Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч фирории дигари Афғонистон дар Тоҷикистон нест. Ба гуфтаи манбаъ аксари фирориён низомиёне буданд, ки аз ноҳияҳои марзии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ки шумораи онҳо бештар аз 1000 нафар буд.
Ин фирориёнро давлати Афғонистон тавассути чархбол аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба ҳудуди Афғонистон баргардонидааст.
Аксари фирориёни низомии Афғонистон, ки дар миёнашон шумораи ками занону кӯдакони узви хонаводаи ин низомиён буд, дар мавзеъи Момираки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷо ба ҷо шудан буданд, ки сафири Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 8-уми июл ба хабаргирии онҳо рафта буд.
Нахустин фирориёни Афғонистон аз ҳисоби низомиёни ин кишвар, рӯзи 22-юми июн пас аз суқути гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон ба дасти "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ки шумораашон беш аз 100 нафар гуфта мешуд.
Бар пайи ин рӯзи 27-уми июн, пас аз ғасби вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони вилояти Тахори Афғонистон 17 низомии дигар фирор карда буданд.
Рӯзҳои 3-4 июл Неруҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки бар пайи суқути 6 вулусволии ҳаммарзи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон 1037 низомии ин кишвар дар минтақаҳои Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ ва Хоруғу Ишкошими ВМКБ ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.
Бар пайи ин, рӯзи 7-ми июл саҳфаи расмии ҳукумати ВМКБ дар Фейсбук бо нашри як видео аз фирори бештар аз 400 шаҳрванди Афғонистон ба вилоят хабар дод ва гуфт, ки аксари инҳо занону кӯдакони пиронсолон мебошанд.
Баъдан "Азия-Плюс" маълум кард, ки ин 400 нафарро дар водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ҷо ба ҷо кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
12 правил жизни Зебинисо Рустамовой
В Таджикистане вырос импорт сельхозпродуктов на фоне увеличения внутреннего производства
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки в судах и администрациях Душанбе, Хатлона и ГБАО
Электронные ворота в аэропорту Душанбе заработают в марте 2025 года
Реабилитация дороги от Калаи Хумба до Рушана завершится в июне этого года
«Таджик Эйр» завершил многолетний спор с литовской компанией SkyRoad Leasing
Салат «Шакароб» попал в рейтинг худших блюд мира
Соблюдаются ли меры безопасности в «Сафед-Даре»?
Авиакомпания «Сомон Эйр» запустит рейс Душанбе – Лондон
В Чувашии в 2025 году ограничат работу мигрантов в ряде сфер экономики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста