Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик Умед Бобозода дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки ҳукумат азм дорад, занону кӯдакони тоҷики дигареро, ки дар кишварҳо ҷангзадаи Ироқу Сурия қарор доранд, ба Ватан баргардонад. Вале ба гуфтаи ӯ, якбора паҳн гаштани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва кишварҳое, ки кӯдакон қарор доранд, ин корро ба ақиб партофт.
Омбудсмени тоҷик баргардонидани кӯдакони тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзада сиёсати инсондӯстонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвон кард ва гуфт, ки дар оянда низ ин чиз дар назар дошта шудааст.
- Ҳукумати Тоҷикистон дар назар дорад, ки қисмати дигари кӯдаконеро, ки дар минтақаҳои ҷангӣ қарор доранд ба ватан баргардонад ва зери ғамхории худ гирад,-гуфт У. Бобозода.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел дар мулоқот бо сокинони Исфара гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷике, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан баргардонда хоҳанд шуд.
Ҳоло бар асоси иттилои мавҷуд, дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.
Аксар занони тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" қарор доранд. Ин паноҳгоҳ зери назорати низомиёни курд аст ва онҳо мегӯянд, дар миёни наздик ба 70 ҳазор паноҳанда аъзои ДОИШ фаъол шудаанд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода, дар мавриди тақдири 84 кӯдаке, ки соли 2019 ба Тоҷикистон оварданду ҳоло таҳти нигоҳубини давлат қарор доранд, гуфт, ки бинобар паҳншавии бемории коронавирус дар кишвар дидорбинии ин кӯдакон аз сӯйи наздикону пайвандонашон муваққатан манъ шудааст.
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз тақдири оянда ва кай ба наздиконашон додани онҳо рӯшан нест.
Ӯ дар мавриди баргардонидани кӯдакон ба наздикону пайвандонашон гуфт, ки дар ин масъала вазорату идораҳои дахлдор кор бурда истодаанд ва ҳангоми ба як хулосаи дақиқ омадан ӯ омода аст, ки ба ВАО маълумоти иловагӣ пешниҳод намояд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки кӯдакони ноболиғи шаҳрвандонашро, ки ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ пайваста буданду дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шуда буданд ва ё бархеҳо зиндон шуданд, аз урдугоҳҳои паноҳандагони ин кишварҳо баргардонид. Аз ҷумла 30 апрели соли 2019 84 кӯдакро аз Ироқ бо як парвози вижа ба Тоҷикистон овард.
Ҳарчанд дар аввал гуфта мешуд, ки кӯдакон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста