Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот пахш намуда, ВАО-и Қирғизистонро дар таҳрифи далелҳо гунаҳкор медонад.
Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти ҚС КДАМ ҶТ хабар медиҳад, соати 9:30 24 июл беш аз 20 нафар сокинони деҳаи Коктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон ба мавзеи наздисарҳадии Қуммазор маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара омада, бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаи лафзӣ намуданд. Сипас шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони ҶТ сангпартоӣ карданд.
Гуфта мешавад, бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд.
“Бо мақсади ҳалли қазияи мазкур ба ҷойи ҳодиса сарҳадбонони ҳар ду ҷониб ҳозир шуданд. Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи талаботи муқаррароти банди 4-уми Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни КДАМ ҶТ ва КДАМ ҶҚ (ш.Тошканд, 07.11.2019), Протоколи мулоқоти кории Фармондеҳони ҚС ҶТ ва ҶҚ аз 20.06.2007 ва дигар созишномаҳои баимзорасида амали ғайриқонунии сокинони деҳаи Коктошро дастгирӣ намуда, бе ягон асос нисбат ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Марзбонони тоҷик ба амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз ҷавобан тир кушоданд”, - омадааст дар изҳорот.
Дар идома зикр мегардад, ки изҳороти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон оид ба қарор доштани мавзеи Қуммазор дар ҳудуди ин кишвар, ки дар сомонаҳои қирғизӣ нашр гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надорад, зеро, тибқи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва маводҳои комиссияи паритетии соли 1989 минтақаи мазкур (координатҳои топографии 390 57I 00II, 700 33I 00II) пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
“Хулосаи саросемавор ва ҳамзамон сарфи назар кардани меъёрҳои ҳуқуқии тибқи талаботи муқарраргардидаи муносиботи байналхалқӣ қабулшуда дар масъалаи мансубияти ҳудудӣ ва эълони шитобкорона ва яктарафаи қазияҳои сарҳадӣ дар ВАО, ба манфиати дарки дурусти масъала ва эҷоди боварии тарафайн хизмат нахоҳад кард”, - таъкид мешавад дар изҳорот.
Ҳамчунин гуфта мешавад, намояндагони Хадамоти марзбонии КДАМ ҶҚ бар хилофи банди 6-уми Протоколи мулоқоти роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии ҶТ ва ҶҚ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 05.06.2021 (Қарамиқ) ахбори бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқанашударо паҳн намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин масъала мавриди баррасӣ ва таҳқиқи намояндагони расмии мақомоти дахлдори Тарафҳо қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки дар мавзеи наздисарҳадии Қуммазори ноҳияи Ботканд шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон ба корҳои тозакунии ин мавзеъ пардохтаанд.
“Марзбонони қирғиз ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ба талаби ҷониби Қирғизистон бобати қатъи кор шаҳрвандони Тоҷикистон итоат накарданд. Гузашта аз ин, тоҷикистониён як шаҳрванди Қирғизистонро лату кӯб карданӣ шуданд. Дар идома муноқишаи лафзӣ ба ҷанҷол ва сангпартойӣ ҷониби ҳамдигар табдил ёфт”, - менависад хабаргузорӣ.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсоя ба сӯйи Қирғизистон тирпарронӣ шудааст. Дар ҷавоб марзбонони қирғиз низ ба самти Тоҷикистон тир кушодаанд.
Бар асари тирпарронӣ аз ҷониби Қирғизистон захмгирифтагон ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудаанд.
“Бо мақсади роҳ надодан ба шиддати вазъ сардори Раёсати Хадамоти марзбонии КДАМ дар вилояти Ботканд полковник Қиялбек Толонбоев дар ҷойи ҳодиса қарор дорад. Айни замон дар мавзеи Қуммазор дар сатҳи намояндагони Хадамоти марзбонии ҳар ду ҷониб бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ мегузарад. Вазъият босубот арзёбӣ мешавад”, - зикр мекунад хабаргузорӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.