Ҷангиёни ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) фурудгоҳи аз лиҳози стратегӣ муҳими шаҳри Кундузро дар шимоли Афғонистон тасарруф намуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба ВАО, садҳо нафар аз хизматчиёни ҳарбии неруҳои қудратии ҳукумат бо ҳамаи силоҳу муҳимоти ҷангиашон ба толибон таслим шудаанд.

Сурат: АР

Сухангӯйи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, дар Твиттер иддао намудааст, ки сарбозони давлатӣ ихтиёран ба сафи ҷангҷӯён мепайванданд. Амруддин Валӣ, узви маҷлиси маҳаллӣ, дар суҳбат бо “Франс Пресс” гуфтааст, “садҳо сарбозу ходими полис баъд аз ишғоли фурудгоҳ аз ҷониби Толибон ҳамроҳ бо силоҳу дигар муҳимоти низомиашон таслим шуданд”.

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 9 август биноҳои калидии ҳукуматро дар шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ғасб кард. Зикр шуда буд, ки неруҳои ҳукумат танҳо фурудгоҳ ва пойгоҳи низомии худро зери назорат доранд.

Гуфта мешавад, Толибон то кунун шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, шаҳри Пули Хумрӣ – маркази Бағлон ва шаҳри Фараҳ – маркази вилояти Фараҳро ишғол кардаанд. Шаҳри Ойбек, маркази вилояти Самангон, Кундуз, Сари Пул, Толиқон, Заранҷ ва Шибирғон низ феълан зари назорати онҳост.

Кундуз аз лиҳози стратегӣ мавқеи муҳим дорад. Онро дарвозаи  вилоятҳои шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ном мебаранд, зеро Кундуз бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.