Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар  як мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Азия-Плюс” вазъи имрӯзи Афғонистон, фирори Ашраф Ғанӣ, таслим додани кишвар, омадани ҳавопаймоҳои кишвараш ба Тоҷикистон,  дархостҳои муҳоҷирин, муқовимат дар Панҷшер, нагузоштани байрақи Толибон дар сафорат ва сарнавишти идомаи корашро шарҳ дод.

- Ҷаноби сафир, бисёр ташаккур, ки дар ин шабу рӯзҳои ҳасос барои мардуми Афғонистон ва минтақа ҳасос, фурсат додед то суҳбат кунем.

Ман мебинам, дар ҳамин ҷо, ки мову шумо суҳбат мекунем, рӯйи миз парчами серанги Афғонистон гузошта шудааст, аммо дар Арги раёсатҷумҳурӣ ва дар Теппаи Вазиракбархони Кобул парчами сафеди Толибон ҷилва мекунад. Шумо намояндаи кӣ ҳастед? Ҷумҳурии исломии Афғонистон ё Аморати исломии Афғонистон?

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Дар қадами аввал ташаккур мекунам аз шумо, ки қазияҳои Афғонистонро дунбол мекунед ва сипосгузории амиқ мекунам аз ҳамсояи боиззати Афғонистон -  мардуми Тоҷикистон.

Ман намояндаи мардуми Афғонистон ҳастам. Ин байрақ бар асоси файсалаи Лӯйи Ҷирга (Шӯрои Бузург) ва Қонуни Асосии Афғонистон ба миён омадааст, ин парчам парчами танзиме ё шахсе нест.

Мо давлатеро дар Афғонистон ба расмият хоҳад шинохтем ва аз ӯ итоат хоҳем кард, ки файсалаҳои ҷомеаи ҷаҳониро бипазирад ва ин ҷомеаи ҷаҳони ӯро ба расмият бишносад ва билохира ҳузури тамоми мардуми Афғонистон дар он таъмин шавад.

- Шумо бо имзои касе ин ҷо сафир таъин шудед, ки феълан фирорӣ аст ва тамоми мардуми Афғонистон ӯро ҷустуҷӯ мекунад. Дар воқеъ, хабар надоред, ки раисҷумҳуре, ки шуморо таъин карда буд, куҷост?

- Дар ин шакке нест, ки Толибон бо фишори низомӣ Афғонистонро фатҳ накарданд. Неруҳои мусаллаҳи Афғонистон, фарзандони сиддиқи Афғонистон дар дифоъ аз сарзамини худ истода буданд ва истода ҳастанд.

Вақте мо ба имзои доктар Ашраф Ғанӣ ба унвони сафир муаррифӣ шудем, ба ин маъно нест, ки тамоми кору кидорҳои манфии ӯро ман тавҷеҳ бикунам. Бинобар ин, то вақте давлати Толибонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият нашиносад, ман намояндаи мардуми Афғонистон дар сафорати Афғонистон ҳастам.

Ман фикр мекунам, ки Афғонистон, тавассути оғои Ашраф Ғанӣ таслим дода шуд. Ва инро мардуми афғонистон аз гузаштаҳо дарк карда буданду медонанд.

- Вале дар мавриди раисҷумҳур. Гуфта мешуд, ки Ашраф Ғанӣ ибтидо ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба яке аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс рафтааст. Дар ҷараён будед?

Дар ин шакке нест, ки дар матбуот сару садое дар мавриди мавзуъҳои гуногуне эҷод мешавад. Ба ман гуфтанд, ки як ду ҳавопаймо аз Афғонистон парвоз мекунаду дар инҳо доктар Ашраф Ғанӣ ҳаст. Аз ман журналистони савол карда буданд, ки оё шумо ба пазироияш ба майдон (фурудгоҳ) нарафтед?

Ҷавоби мо возеҳ буд, ки ман ҳаргиз барои як раисҷумҳури фирорӣ ба ташрифоташ намеравам ва бар иловаи ин агар фирор карда бошад, раисҷумҳури мо нест. Бинобар ин, Ашраф Ғанӣ дар ҳаққи мардуми Афғонистон ҷафои бисёр бузургеро кард, ки торих ӯро намебахшад. Ӯ ёрону рафиқони худро фиреб дод, ӯ неруҳои амниятиро ноҳақ дар баробари Толибон ҷангонд.

Доктар Ашраф Ғанӣ се рӯз қабл аз фирораш дар мусоҳибаи худ гуфт, ки “ман ҳарчанд Шоҳ Амонуллоҳхонро бисёр дӯст дорам, вале монади ӯ фирор намекунам”. Ман фикр мекунам, ки ӯ рӯйи худро сиёҳ кард ва ин лаккаи нанги торихиро барои ҳамеша дар ҷабини худ ҳак кард.

- Ҳоло корҳои сафоратро кадом ниҳоде дар Афғонистон ҳамоҳангӣ мекунад? То ҷойе мо хабар дорем, вазири хориҷаи Афғонистон ҳам дар дохили кишваратон нест ва ба Ҳинд рафтааст.

- Шумо мефаҳмед, ки ҳоло музокира дар Давҳа ҳам ҷараён дорад ва як ҳайати босалоҳият ҳам ба Покистон рафтааст. Намояндаҳои Афғонистон, бахусус касе, ки лоиҳаи сулҳи Афғонистонро пеш мебарад, доктар соҳиб Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст. Ниҳодҳои амниятии Афғонистон як теъдод ва муовини раисҷумҳури Афғонистон ҳам феълан дар дохили Афғонистон асту дар он ҷо ҳузур дорад. Ман орзумандам, ки натиҷаи музокира мусбат бошад, ки ҳам мо бо дунё зиндагӣ карда битавонем, ҳам бо Толибон зиндагӣ карда битавонем ва ҳам бо ҳамсояҳо. Ва ҳама мардуми Афғонистон худро дар оинаи Афғонистон бибинад.


Ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, ба ман касе ишора кард, ки як лаҳза кори оҷил дорам. Толибон ҳамла кардаанд болои манзили ман ва онҷоро ба ғорат бурданд.  Биноан, маълум аст, ки эъломияҳои Толибон бо амалкардҳояшон фарқ дорад. Ман бар ин ақида ҳастам, ки нафарони сафҳои поёниашонро, ки мушоҳида мекунам, шояд чанд рӯз баъд фоҷиаҳои бисёр бузургеро анҷом бидиҳанд. Агар як ҳукумати қонунӣ аз тарафи афғонҳо муштаракан эълон нашавад ва ин музокирот натиҷа надиҳад, вазъияти Афғонистонро фоҷиаовар мекунад.

- Бисёр афсӯс мехурем аз ин хабаре, ки ҳоло аз шумо гирифтем, ки мегӯйед болои хонаи шумо ҳамла шудааст. Умедворам зарари ҷиддие нарасида бошад. Вале агар, мисле шумо пештар ҳам ишора кардед, як ҳукумати мушорикатӣ бар асоси файсалаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамкорҳои байналмилалии Афғонистон ташкил нашавад ва Толибон қудратро инҳисор кунанд, шумо чӣ мекунед ба унвони сафир?

Ман танҳо ба унвони сафир не, балки ба унвони як шаҳрванди Афғонистон, ба унвони касе, ки болотар аз сӣ сол дар киштии муштараки мубориза дар баробари терроризм, дар баробари муттаҷовизин, истода шудему мубриза кардему ҷанг кардем, хоҳони сулҳ ҳастем. Мо тарафдори инем, ки кишварҳо бештар мудохила накунанду мудохилаи онҳо дар лоиҳаи сулҳ бошад. Ва он чизеро, ки дӯстони амрикоии мо бо Толибон қарордод доштанд ва Толибонро машруъияти сиёсӣ доданд, ки ин саҳна сабаб шуд ба кишварҳои мухталиф сар бизананд ва ба як чеҳраи сиёсӣ табдил шаванд ва билохира фотеҳи тамоми Афғонистон шаванд, мунтазирем. Гӯё, ки аз лиҳози низомӣ инҳо тавонистанд ҳама ҷоро фатҳ кунанд, дар ҳоле, ки инҳо ҳеч ҷойеро аз лиҳози низомӣ фатҳ накардаанд.

Агар ин мушорикат ба вуҷуд биояд, ба файсалаҳои байналмилалӣ тан бидиҳанд, дунё ҳукуматро ба расмият бишносад, мусаламан бисёр муҳим нест, ки ман сафир бошам ё як фарди одӣ.

  Агар Толибон ба ин фикр бошанд, ки бо зӯри шаллоқ, бо фишор, бо ҳамла ба сари хонаи мардуму бо ғасби хонаи мардум, бо ҳазфи ҳувияти як мардум кореро карда метавонанд, пас мо дубора дар сангарҳои набард дар баробари Толибон, ҳатто агар қаламрави каме ҳам дар ихтиёр дошта бошем, ба муборизаи худ идома медиҳем.

- Хуб. Ҷаноби сафир, ин ҳарфҳое, ки шумо мегӯйед, инро тамоми сиёсатмадрон, тамоми ҷиҳодиҳои собиқ ва коршиносон ҳам мегӯянд. Аммо шумо ба унвони як генерали пуртаҷриба, ба унвони як дипломат ва ба унвони як шаҳрванди Афғонистон, аз нигоҳи инфиродӣ чӣ андеша доред, кадом навъи ҳукумат дар Афғонистон меояд. Оё Толибон ба як ҳукумате, ки хости мардуми Афғонистон аст, тан медиҳанд?

Таҷрибаи гузашта бояд нишон дода бошад, ки Толибон тамоми Афғонистонро ба даст гирифтанд ва дар ҳоле ки Амрико ҳузур надошт ва ҳамиёни Толибон ҳам инкор мекарданд, ки мо онҳоро кӯмак намекунем, дар баробари толиб, як неруи соҳиби фикр аз тамоми Афғонистон, дар як қаламрави кӯчаке бо номи Панҷшер ҷамъ шуд. Мо шоҳид ҳастем, ки толибонро шикаст доданд. Ва ба дунё садо кашиданд, ки ин хатари толибонӣ шуморо ҳам муҳосира мекунад. Шумо ҳаракти ифротиятро дар Амрико  ва кишварҳои дигар дидед.

Ман ба ин ақида ҳастам, ки ҳеч касе дар Афғонистон ба танҳоии худ ҳокимият карда наметавонад. Бояд ақвоми Афғонистонро дар назар бигирад, рӯшанфикрони Афғонистонро дар назар бигирад. Аммо инҳо аз ҳоло сонсури матбуотро шуруъ карданд. Аз ҳоло шуруъ карданд, ки занҳоро ба мактаб намонанд, донишгоҳҳоро болои занаҳо бастанд. Шояд ин фикри онҳое бошад, ки ҳоло дар қаламрави Афғонистон ҳузур доранд. Вале бовар дорам, ки як теъдод аз сиёсатмадорони Толибон ба ин натиҷа расиданд, ки бо ин ҳаракати худ ба танҳоӣ дар Афғонистон наметавонанд, ки ҳукумат кунанд ва мустақар шаванд. Фикр мекунам, фардо пойи дунё ҳам дар ин масъала дохил мешавад.

- Агар баргардем ба авзои марз. Оё шумораи шаҳрвандони Афғонистон, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон паноҳ биёранд, зиёд аст?

Дар ҷараёни ҷангҳо ҳар касе мехоҳад барои худ як ҷойи амн пайдо кунад. Вале дар шароити феълӣ, фикр мекунам ба як теъдод ҳамсояҳои мо ҳам мушкил аст, ки бидуни ташхис сарҳадоти худро боз кунанду яксара ҳама кас дохил шавад. Вале ман аз ҳамсоҳое, ки мардуми Афғонистонро дар шароити бисёр бад кӯмак карданду ёрӣ расониданд, сипосгузорӣ мекунам.

- Гуфта мешавад, ки 18-19 ҳавопаймои низомии Афғонистон, тақрибан дар ду-се рӯзи ахир ба Тоҷикистон баъзе аз паноҳандаҳоро оварданд. Оё шумо бо онҳо мулоқот кардед, дидед?

Вақте доктар Ашраф Ғанӣ, баъд аз изҳороти бисёр инқилобияш аз Афғонистон фирор мекунад, як хатти сурхеро, ки парвозҳои маҳраму изтирорӣ сурат мегирад пилотҳо мушоҳида мекунанд, ки раисҷумҳури инқилобишон дар ҳоли фирор аст. Инҳо ҳам тасмим мегиранд, ки худро зинда бикашанд. Аксарияташон тайёраҳои худро ба парвоз дар меёранд, ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон фуруд омаданд. Ман умедворам, ки ҳар чи зудтар як ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон биояд, то мо шоҳиди бозгашти инҳо бошем.

- Ин ҳавопаймоҳо низомӣ ҳастанд ё мулкӣ?

Аксарияташ низомистанд.

- Яъне ҳамин теъоде, ки гуфта мешавад, ҳамин теъдод дуруст аст?

Теъдодашро метавонед аз масъулин пурсед, зеро барои мо мушаххас нест.

- Чизи дигаре, ки дар ин робита дар наҳваи суҳбати мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон мушоҳида шуд. Тоҷикистон гуфт, ватқе мо ҳушдорҳои изтирорӣ гирифтем, мувофиқ шудем, ки тайёраҳои Афғонистон дар ин ҷо фуруд оянд. Вале дар адабиёте (лексикон), ки мақомоти Ӯзбакистон истифода кард, фарқ дида мешавад. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки ин тайёраҳо ҳарими ҳавои Ӯзбакистонро нақз карданд ва мо онҳоро фуруд овардем. Касоне, ки ҳам аз аз роҳи заминӣ аз марз ворид шуданд, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардем. Фикр мекунед, ки чаро адабиёти мақомоти ин ду кишвар фарқ мекунад?

Ман фикр мекунам, давлати Тоҷикистон, бо шинохте ки аз Ҷаноби Олӣ ман шахсан  ҳам давр давраи сафорат ва қабл аз ин дорам, як сиёсатмадори комилан огоҳ аз масоили минтақа, аз масоили ҳамсояҳо ҳастанд ва ҳамеша рост мегӯянд. Агар тайёраҳо дар Тоҷикистон нишаст карда ё дар Ӯзбакистон, дар ҳарду маврид ҳарими ин кишварҳоро нақз кардаанд. Мутобиқ ба қавонини байналмилалӣ ватқе тайёрае ё фарде паноҳ мебарад, ин вазифаи ҳукуматҳост, ки барояш бо дар назардошти ин ки хатаре эҷод намекунанд, иҷоза бидиҳанд. Шумо метавонед ба интернет ворид шавед, бибинед, ки чанд тайёра бар асоси қавонини байналмилаӣ омадааст. Ин ки қонунҳои кишварҳо чиро ҳукум мекунад, марбут ба мо намешавад.

Хабарнигори CNN бо Толибон дар Кобул
аз шабакаҳои иҷтимоӣ

- Агар дар ҷанд рӯзи оянда вазъ тағйир накунад, тедоди муҳоҷирон дар Тоҷикистон зиёд мешавад?

Ман умедвораам, ки дари муҳоҷиратҳо баста шаваду дар як ду се рӯзи дигар ба натиҷа бирасанду як оромиши комил дар Афғонистон таъмин шавад. Агар як чунин коре шавад, Афғонистон як сарзамини зебо, як сарзамини боимконот аст, ҳеч кас орзуи инро надорад, ки аз хонаи худ ҷудо бошаду фарзанди худу ватани худро раҳо бикунад.

Агар ба файсалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ тан надиҳанд, ман фикр мекунам ҳастаҳои муқовимат оҳиста-оҳиста бештар мешавад.

- Тоҷикистон ба ҷуз ин ки аз лиҳози ҷуғрофиёӣ як ҳамсояи Афғонистон аст, муштаракоти зиёд ва калоне ҳам бо ин кишвар дорад, ҳам ба лиҳози милливу тамадунӣ ва ҳам ба лиҳози фарҳангиву забонӣ ва хулоса ба ҳар лиҳозе. Ва нигарониҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи ҳукумат, ҳам дар сатҳи иҷтимоъ, мардум, ҷомеаҳои огоҳу фикрӣ бисёр зиёд аст. Ҳамон қисмате, ки шумо ҳам ишора кардед, аз Панҷшер шиор ва ҳушдорҳои муқовимати дувум дар баробари Толибон берун меояд. Фикр мекунед, дар ин шароите, ки бо вазъи солҳои 90-ум фарқ мекунад, оё Панҷшер дар муқовимати дувум, Худо накарда агар сурат бигирад, муваффақ мешавад?

Ман фикр мекунам, ки ҳеч имперотуре дар дунё муваффақ нашуда, ки наслҳоро нобуд бисозаду ҷунбишҳоро хомӯш бисозад. Торих нишон дода, ки ҳастаҳои муқовимат ҳамеша аз чанд нафаре ба вуҷуд меояду бузург мешаванд. Ман хушҳолам, ки аз ҷумлаи онҳое будам, ки дар рикоби Қаҳрамони миллии Афғонистон (Аҳмадшоҳ Масъуд), профессор, устод Бурҳониддин Раббонӣ дар айёме муқовимат кардем, ки ҳеч чизе вуҷуд надошт. Аммо сарҳадоте, ки байни Афғонистону Тоҷикистон 1360 километр буд, ҳеч гӯшаеш суқут накард, 20 вулусволие, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, душман он замон ҳеч кадомашро натавонист суқут диҳад.

Толибон дар нахустин рӯзе, ки Арги раёсатҷумҳурии Кобулро ғасб карданд

Фикр мекунам дар ин авохир, фирори Ашраф Ғанӣ, ки қаблан бо афроде, ки худаш таъин карда буд, мувофиқа шуда буд ва ин сабаб шуд, ки мардумро беруҳия бисозаду билахира ҳамаҷоро Толибон бигиранд. Ман ба ин ақида ҳастам, ки Толибон тавони нигаҳдории ин қаламарви паҳновари кӯҳистонии Афғонистонро надоранд. Ҳеч мантиқи низомӣ ҳукм намекунад, ки Толибон битавонанд дар сар то сари Афғонистон ҳукмфармоӣ дошта бошанд. Чӣ дар шарқ, чӣ дар шимол ва чӣ дар ҷанубу ғарб.

Дирӯз Толибон мардуми ғайримасъул ва овора дар кӯҳҳо буданд. Ғайримасъулона бархӯрд мекарданд, мекафонданд, мепаронданд, дар баробари мардум эҳсоси масъулият намекарданд, мегуфтанд, ки инҷоро хориҷиҳо омада ишғол карданд.

Ҳоло хориҷиҳо нестанд, Афғонистонро тарк карданд ва агар ҳоло муқовимати мардум истод шавад, чӣ тавҷеҳе карда метавонанд. Ҷанги шаръишон дар баробари мардум чӣ аст?

Ман бар ин ақида ҳастам, ки танҳо Панҷшер не, ин муқовиматҳо оҳиста-оҳиста ба ҷануб ҳам интиқол мешаванду ба шимол ҳаму ба ғарб ҳам. Ва шумо шоҳиди як рӯзе бошед, ки дар баробари Толибон як маҷмуи мардуми Афғонистон ва ҳатто дунё муттаҳид шавад.

- Охирин суол, ҳоло ки як фазои сардаргумӣ аст, сафорат аз чӣ ҳисобе таъмини молӣ мешавад? Кори шумо маҷҷонӣ аст, ифтихорӣ аст, чист?

Ин Афғонистони кӯчак аст, мулкияти Афғонистон аст, мо ва ҳамкоронамон ҳамагӣ муттаҳид астем, мавзеи худро тарк намекунем. То вақте як ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон эълон нашавад, агар пул дошта бошему надошта бошем, гурусна бошему набошем, бо ҳамин нектои (галстук)-и худ меойем дар сафорат мешинем ва байрақи серанги Афғонистон дар ин ҷо мебошад ва ҳеч ташвише надорем. Ҳар вақте, ки мардуми Афғонистон инҳоро пазируфт, пас он вақт ҳар касе биояд, мо ин мулкияту дороии оммаро барояш месупорем.

- Зинда бошед, умедворам, ки Афғонистон ба сӯйи субот ва сулҳ биравад ва дар суҳбатҳои баъдӣ мо аз сулҳ, рифоҳ, рушд ва ҳамсоядории хубу хубтар суҳбат кунем.

Ташаккур мекунам аз Шумо ҳам. Мутмаин бошед, ки торикиҳоро мо зиёд дидем ва аз ин торикиҳо зиёд наметарсем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.