Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёни худро ба Афғонистон намефиристад, изҳор дошт дабири кулли Созмон Станислав Зас. Нигарониҳоро дар ин маврид ӯ беасос медонад, менависад “Коммерсантъ”.
"Оё Афғонистон боз як доме шаваду моро лозим хоҳад омад, ки фарзандони худро дубора он ҷо бифиристем? Албатта, не. Нигарониҳо комилан беасосанд”, - гуфтааст Зас дар яке аз барномаҳои шабакаи СТВ -и Беларус.
Ӯ зикр кардааст, ки СААД - “ба таври истисно созмони мудофиаи ҳарбиву сиёсӣ мебошад. Неруҳои дифоии дастаҷамъиро он метавонад танҳо “дар доираи минтақаи масъулияти СААД, яъне дар ҳудуди сарҳади кишварҳо истифода барад”.
Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Зас иброз доштааст, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоро барои то ҳадди ақалл кам кардани таҳдидҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.
"Ҳоло вазъ дар он ҷо тағир ёфта, мо бояд онро бодиққат омӯзем ва дар фаъолиятамон ба инобат гирем, аз ҷумла дар мавриди муқовимат бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд ва қисман ҳатто баръакс - рӯйи кор омаданд”, - илова намудааст дабири кулли Созмон.
Ҳаракати “Толибон” 15 август Кобулро тасарруф намуда, эъон кард, ки Афғонистонро зери назорат гирифт. 23 август СААД ҷаласа баргузор намуда, дар он кишварҳои узв ба тавофуқ расиданд, ки тадбирҳои иовагии амниятӣ меандешанд. Созмон иҳори нигаронӣ намуд, ки “Толибон” бар хилофи ваъдаҳо ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ шурӯъ накарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Нельзя причинять вред другим людям». В муфтияте Казахстана осудили молящихся на автодороге
В Таджикистане владельцев скутеров обязали получать госномера
В Душанбе задержали очередного «целителя»
Правозащитница Дилрабо Самадова о дедовщине, молодежи и китах
В Таджикистане прекратили работу 17 транспортных компаний
Может ли Таджикистан принять у себя футбольный Кубок Азии-2031?
В России утвердили нормы размещения данных о нелегальных мигрантах
Таджикистан получил престижную награду за лучшие природные пейзажи Азии
Как незаконный сбор и переработка мусора в Душанбе угрожает здоровью людей и окружающей среде
Таджикистан в сотрудничестве с Южной Кореей построит солнечные электростанции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста