Хабарнигори "Азия-Плюс", ки аз соати 05.00 субҳи имрӯз дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, ки ҳарчанд ҳоло вазъ дар ин ҷо муътадил аст, аммо нигарониҳои мардум ҳанӯз боқист. Ӯ мегӯяд, ки бархе аз мардум пушти корҳои муқаррарии худандд, вале бархеи дигар бо нигарони аз вазъ ҷӯёи ҳоли ҳамдигаранд.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори мо мегӯяд, ки дақоиқе пеш Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, раиси Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон дар мавзеъи марзии Чоркӯҳ сари мизи музокирот нишастанд.

Дар ин музокирот  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва ҳамтоёни қирғизашон низ ҳузур доранд.

Хабарнигорон иҷозаи  вуруд ба ин нишастро надодаанд.
 

1/18

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.