Хадамоти алоқи Тоҷикистон далели пас аз ҳаводиси эътирозии 25-28-уми ноябри соли гузашта қатъ шудани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шарҳ дод ва гуфт, ки техникаи иттилоотӣ ва комунникатсионие, ки бар зарари Тоҷикистон равона шуда бошад барои мо даркор нест.
Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, дар нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод изҳор кард ва гуфт, ки дар тамоми кишвар алоқаи мобилӣ тибқи талаботи ҳам милливу байналмилалӣ кор карда истодааст.
Аттоев бори дигар сабаби қатъ кардани интернет дар ВМКБ-ро ба омилҳои сиёсӣ ва амниятӣ рабт дод ва гуфт, ки баъзе доираҳо мехоҳанд, аз интернет барои вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон истфода баранд, барои ҳамин мо тибқи қонунгузорӣ, ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон интернетро дар ин минта қатъ кардем.
- Техникаи иттилотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари Тоҷикистон ва минтақа равон карда шудааст, барои мо даркор нест. Баҳри таъмини амнияти шахс, ҷамъият, ки давлат кафолат медиҳад, мо тамоми қувваву системае, ки дорем сафарбар мекунем ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ кор ва фаъолият мекунем. Ин вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст,-изҳорот дод Атоев.
Ба назари Атоев интернет дар ВМКБ дар стандартӣ 3G фаъол асту кор мекунад, ба истиснои баъзе минтақаҳо. Аммо мушаххасн нагуфт, ки кадом минтақаҳо.
Ин изҳороти Атоев дар ҳолест, ки ҳоло дар ВМКБ баъди ҳаводиси 25-28-уми ноябри соли гузашта интернети мобилӣ комилан дастнорас аст ва фаъол нест. Танҳои интернети кабелӣ фаъол аст, ки он ҳам барои идораҳои давлатӣ ва бонкҳову созмонҳои байналмилалии муқими минтақа дастрас мебошаду халос.
Дар посух ба суоли далелҳои беинтрнетӣ дар Бадахшон, ҳамчунин Атоев ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамаатон беҳтар медонед, ки иттилоот ба василаи рақами яки таъсирбахш, нуфуздор табдил ёфтаааст ва ифротгароии иттилоотӣ, ҳамчун навъи хизматрасонии электронӣ, акнун неру мегираду терроризми иттилоотӣ шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат бо кӯмаки тамоми намудҳои иттилоот мебошад.
Ҳарчанд Атоев аз гуруҳҳои мушаххасе ном набурд, вале гуфт ин гуруҳҳо аст расонаҳои ватаниву хориҷӣ истифода мекунанд ва бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ҳамкор ҳастанд.
"Ҳадафи асосӣ вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Бо ин мақсад онҳо неруҳо ва воситаҳои гуногуни хадамоти махсуси хориҷӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷиро ҷалб менамоянд. Мисли ҳама гуна энергия ё қувва иттилоот метавонад ҳам эҷодӣ ва ҳам харобкунанда бошад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар асоси қонуни "Алоқаи барқӣ", моддаҳои 33-ю 34, мо вазифадор ҳастем, ки таъмини амнияти иттилоотӣ барои шаҳрванд, ҷамъият ва давлат таъмин намоем. Барои ҳамин, дар баъзе минтқаҳао, баъзе стандартҳои интернетӣ, тибқи талаботи байналмилалӣ фаъолият намекунанд",-гуфт Атоев.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз қатли амалиёти боздошт ва кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштақалъа, ки мақомоти ӯро дар содир кардани ҷанд ҷиноят муттаҳам медонист ва бар пайи он сар задани эътирозҳои серӯзаи 25-28-уми ноябр, интернет қатъ карда шуд.
Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳаводис, танҳо барои чанд рӯзе интернети мобилии як ширкат дар баъзе манотиқи ин вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб фаъол шуду дигарбора он ҳам қатъ карда шуд.
Сокинони вилоят ва бархе аз созмонҳои ҳомии ҳифзи ҳуқуқ дастнорас будани интернет дар вилоятро нақзи ошкорои ҳуқуқи шаҳрвандон медонанд ва за мақомот талаб мекунанд, ки он дубора таъмин шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода, и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста