Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат додааст, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи ба мушкил мувоҷеҳ шудани иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд, ин мактуб танҳо ба мактабҳои олии ин вилоят ирсол шудааст.
Аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм гуфтанд, тасмими пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм аз ҷониби хатмкунандагон бо талаби худи онҳо сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, бархе донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ бо ариза муроҷиат карда, хостори хизмат дар артиш шудаанд.
- Дар асоси муроҷиати онҳо комисариатҳои ҳарбӣ ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва ҳукумтаи шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо ҳукумати кишвар “ҷиҳати пеш аз муҳлат оғоз намудани аттестатсияи хатми донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, - гуфтанд аз вазорат.
Ин дар ҳолест, ки дар номаи Вазорати маориф ва илм, зикр мешавад, ки онҳо ин тасмимро бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гирифтаанд. Нусхае аз номаи вазорати маориф дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, аммо бо вуҷуди талошҳо, мо натавонистем ба мактуби Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастрасӣ пайдо кунем.
Дар вокуниш ба як матлаби “Азия-Плюс” бо номи "Мушкили аскарӣ дар Суғд. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, мактуби Озода Раҳмон ва талошҳои вазорати маориф" ҳукумати Суғд ҳам навишт, ки баъзе хатмкунандагони вилоят ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, дар мавриди ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидан дархост намудаанд.
Онҳо гуфтаанд, то 27 апрел нақшаи даъват дар вилоят 50 дарсад иҷро шуда, “барои ҷалби донишҷӯён - хатмкунандагони муассисаҳои олии вилоят ба хизмати ҳарбӣ ягон амали иҷборӣ сурат нагирифтааст.
- Ёдрас намуданием, ки тибқи қонуни дар боло зикршуда фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, баъзе хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, оиди ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардидан дархост намудаанд, - омадааст дар вокуниш.
Як манбаъ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бибарем ба "Азия-Плюс" гуфт, ки имтиҳоноти қабл аз вақт баъди аз Иди Фитр баргузор мешаванд ва рӯйхати онҳое, ки имтиҳон месупоранду ба хидмат мераванд, аллакай аз сӯйи комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо омода ва ба донишгоҳ ирсол шудааст.
Ин манбаъ мегӯяд, ки далели пас аз имтиҳонҳо ба хидмат бурдани ин афрод он аст, ки онҳо пас аз супурдани имтиҳоноти хатм соҳиби маълумоти олӣ ҳисоб мешаванд ва тибқи қонун як сол хидмат мекунанд.
Зоҳиран ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд ин таҷрибаро дар солҳои минбаъда низ дар даъвати баҳорӣ истифода кунанд ва мушкили иҷрои нақшаи даъватро аз ин ҳисоб аз байн бибаранд.
Дар ҳамнн ҳол, бар пайи мушкили иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилотяи Суғд, ахиран додситони вилоят Фурқат Хоҷазода бо интиқод аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфт, ки 40 дар сад иҷро шудани нақша нигарониҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалаҳ Эмомалӣ Раҳмонро ба бор овардааст.
Вазорати маориф мегӯяд, пеш аз муҳлат ташкил намудани имтиҳоноти аттестатсияи хатм дар аз бар намудани барномаҳои таълимӣ таъсир намерасонад.
Зоҳиран ба назар мерасад, ки даъвати ҷавонон ба артиш дар кишвар мушкил шудааст. Бархе коршиносон мактуби вазорати маорифро далел меоранд ва таъкид мекунанд, ки интизор меравад бо баҳонаи мактуб донишҷӯён, махсусан хатмкунандагонро иҷборан ба артиш ҷалб намоянд.
Мактуби вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳои олӣ дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.
Рӯзи 21 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 50 дарсад нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
В Таджикистане снизили цены на услуги «Паспортно-визового сервиса» МВД России
Парламент Таджикистана утвердил госбюджет на 2025 год
ЕБРР выделит 8 миллионов евро на улучшение водоснабжения в Бохтаре и Дангаре
В Душанбе задержаны подозреваемые в продаже пиротехники
Что изменилось для мигрантов в России с 1 декабря?
Никол Пашинян: Армения «перешла точку невозврата» в вопросе участия в ОДКБ
Праздник Мехргон и искусство игры на рубабе включили в список нематериального культурного наследия ЮНЕСКО
Сотворил неожиданное. Кулябский «Равшан» одержал первую победу в азиатском турнире
Для энергокольца Центральной Азии создали дорожную карту
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста