Расонаҳои Афғонистон аз як даргирии чорсоатаи "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ба навиштаи расонаҳо ин даргирӣ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштарак дар наздикиҳои Шерхонбандар сурат гирифтааст.
Ба навиштаи Афғонистон Интернейшнл даргириро аввал "Толибон" оғоз кардаанд. Ин тирпаронӣ бар пайи як таниши лафзӣ, шаби шанбе ба якшанбеи 15-уми май оғоз шудааст ва неруҳои "Толибон" нахуст тирпарониро шуруъ кардаанд.
"Гуфта мешавад, ки нахуст неруҳои "Толибон" ба сӯйи Тоҷикистон тирандозӣ кардаанд ва сипас марзбонони Тоҷикистон" ба нуқтаи сафари марзӣ ҳамла кардаанд",- навиштааст Афғонистон Интернейшнл.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Гурӯҳи "Толибон" ҳам то кунун дар ин маврид расман чизе нагуфтааст.
Минтақаи Шерхонбандар дар шимоли Афғонистон, дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз бо ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар ин ҷо бар болои дарёи Ому аз сӯйи Тоҷикистон пули мошингузар бунёд шудааст, ки ду кишвар тавассути ин пул молу маҳсулотро аз кишварҳои дигар ва кишварҳои дигари минтақа мекашонанд.
Пас аз расидани "Толибон" ба қудрат дар Кобул дар моҳи августи соли гузашта, ин нахустин бор аст, ки неруҳои ин гурӯҳ бо марзбонони Тоҷикистон дар Шерхонбандар даргир мешаванд. Дар гузашта, ронандагону тоҷирон ва ҳатто мансабдорони вилояти Хатлон аз бархӯрди неруҳои "Толибон" дар ин гузаргоҳи марзӣ ситойиш карда буданд.
Хабаргузории "Спутник Афғонистон" ҳам бо такя ба манобеи худ аз сар задани ин даргирӣ хабар додааст.
Афғонистон Интернейшнл ҳамчунин навиштааст, ки дар ин даргирӣ аз силоҳҳои сангину сабук истифода шудааст.
"Ин даргирӣ пас аз гуфтугӯҳои мақомҳои марзбонии ду тараф поён ёфтаааст, аммо "Толибон" пас аз ин даргирӣ ба марз неруҳои бештар фиристодаанд",-навиштааст манбаъ.
Дар бештар аз як ҳафтаи ахир, бори дувум аст, ки миёни марзбонони Тоҷикистону неруҳои "Толибон" тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 7-уми май бархе расонаҳо хабар доданд, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифтааст. Гурӯҳи ДОИШ бо нашри як баёния иддао кард, ки ба Тоҷикистон ҳамла кардааст. Аммо баъдар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ин иддаҳоро рад кард.
КДАМ Тоҷикистон дар изҳороташ рӯзи 8-уми май гуфт, ки неруҳои Толибон бо ДОИШ даргир шудаанд ва дар натиҷаи ин даргирӣ чанд "тири тасодуфӣ" ба сӯйи Тоҷикистон гузаштаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати муваққати "Толибон" пас аз ин ҳодиса гуфта буд, ки онҳо талош мекунанд омилони ин ҳамла ба Тоҷикистонро пайдо ва ба муҷозот бикашанд.
Пас аз ин даргирии рӯзи 7-уми май, дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон роҳҳои боркашонӣ ва равуои мошинҳои муваққат баста шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
«Покушение века» и большая чистка в силовых структурах Узбекистана. Кто хотел убить бывшего пресс-секретаря Мирзиёева?
«Подозрительно преступный». Таджикская журналистка пожаловалась в прокуратуру на произвол милиции в отношении ее ребенка
В ООН призвали талибов обеспечить свободу выражения мнений, особенно – женщинам
Жителя Петербурга задержали по подозрению в легализации 21 тысячи мигрантов
Рубль к таджикской валюте обесценился до небывалого за последние 9 лет уровня
Политических госслужащих в Казахстане будут наказывать за неисполнение поручений президента
Власти Афганистана создали Управление по сохранению ценностей джихада
Волшебство, объединившее технологические чудеса и фантазии. Лучшие парки развлечений Китая
Мирные переговоры Киева и Москвы: как они могут выглядеть?
Таджикский боец Мухаммад Наимов узнал своего нового соперника в UFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста