Ҳолати паҳншавии сурхакони маймун дар ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳи хоси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорат.
Дар робита ба маълумоти чанде аз расонаҳо бо истинод ба сардухтури бемористони Ҳироти Афғонистон Муҳаммад Ориф Ҷалолӣ дар бораи пайдо шудани ин беморӣ дар кишвари ҳамсоя Ҷаъфаров изҳор намуд, ки агар дар Афғонистон чунин сироятёфтагон бошанд ҳам, дар ҳама гуна ҳолат имкони роҳ ёфтани сурахкон ё худ обилаи маймун ба Тоҷикистон хеле кам аст, чунки сарҳадҳои мо бо ин кишвар бастаанд.
“Ҳамаи ҳолатҳои сироят дар бархе аз кишварҳо ҳоло хусусияти эпидемияро касб накарда, бештар дар қаламравҳои ҷудогона хосанд ва аз ин рӯ, тоҷикистониён набояд аз он нигарон бошанд”, - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин, дар сохторҳои марбутаи вазорат айни замон ҳамаи маводи марбут ба ин беморӣ таҳқиқ мешавад, “то ки сироятшиносони тоҷик омода бошанд”.
Зимнан таъкид шуд, ки дар мисоли пандемияи COVID-19 метавон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ механизмҳои пешгирии чунин бемориҳо ба таври бояду шояд таҳия ва мавриди амал қарор доранд.
“Ҳамаи бемориҳои сироятие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, таҳти назорати эпидемиологӣ қарор гирифта ва пайгирӣ мешаванд, - гуфт Ҷаъфаров.
Дар Вазорат зикр карданд, дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ қаблан баҳри пешгирии сироят аз коронавирус тадбирҳо андешида шуда буданд ва “ин чораҳо ҷиҳати пешгирии вуруди ҳама гуна сироят ба кишвар то ҳол идома доранд”.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар кишварҳои минтақа ба ҷуз Афғонистон, дар бораи ошкор шудани ҳолатҳо ё далелҳои гумонбарӣ ба сироят аз сурхакони маймун хабарҳо нашр нашудааст.
Тибқи маълумоти омории онлайн оид ба сироят аз сурхакони маймун дар саросари ҷаҳон, то 31 май дар 23 кишвар ҳамагӣ 558 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Афғонистон дар ин рӯйхат зикр нашудааст.
Шумори чунин беморон аз ҳама бештар дар Бритониёи Кабир - 179, Испания - 120, Португалия - 96 ҳолат ба қайд гирифта шуда, инчунин чунин беморӣ дар сокинони Австрия, Австралия, Белгия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Нидерланд, Шветсия ва ИМА ошкор шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ рӯзи 7 май дар Бритониёи Кабир сабт шуда, сипас ҳолатҳои нав дар Испания, Португалия, Олмон ва дигар кишварҳои дунё ошкор шуданд.