Нашрияи амрикоии "Вашингтон пост" гузориш медиҳад, ки бо вуҷуди «ҳузури ҳазорон ҷангҷӯйи Толибон» раҳбарони ин гурӯҳ вуҷуд доштани ҳама гуна даргирӣ дар Панҷшерро рад мекунанд ва талош доранд даргириҳои ин вилоят аз назар пинҳон бимонад.
Аммо ин нашрия бо такя ба сокинони вилояти Панҷшер навиштааст, ки ҳамарӯза ба "Толибон" дар ин вилоят ҳамла сурат мегирад ва даргириҳо идома доранд.
Як хабарнигори ин рӯзнома, ки ахиран ба Панҷшер рафтааст, гузориш медиҳад, ки Толибон дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо гузоришҳо аз ҷанг, бештар бо нашр кардани радияҳо ва дурӯғ хондани ин гузоришҳо иктифо мекунанд.
Насруллоҳ Маликзода, раиси иттилооту фарҳанги Толибон дар Панҷшер гуфтааст, ки «инҷо ҳама чиз хуб аст ва аслан ҳеч ҷанге вуҷуд надорад».
Аммо ӯ дар мусоҳиба бо ин рӯзнома эътироф кардааст, ки ҳазорон ҷангҷӯи толибон, аз ҷумла бархе аз қавитарин воҳидҳои ин гурӯҳ ба ин вилоят сафарбар шудаанд. "Вашингтон паост" ҳам гузориш медиҳад, ки неруҳои онҳоро метавон дар ҳама ҷой дараи Панҷшер дид.
Ин рӯзнома навиштааст, раҳбарони Толибон дастрасӣ ба Панҷшерро маҳдуд кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, ки иттилооти марбут ба даргириҳои ин вилоят расонаӣ карда шавад.
Як дӯкондори 62-солае бо номи Гулзор ба хабарнигори ин нашрия гуфтааст, ки «ҳеҷ кас намедонад инҷо чӣ иттифоқе меафтад ва ҳеҷ кас иҷоза надорад ба инҷо биёяд». Ӯ тааҷҷуб кардааст, ки «ман ҳатто намедонам чӣ тавр шумо ба инҷо омадаед».
Аммо "Толибон" ҳангоми додани иҷозаи сафар ба хабарнигори "Вашингтон пост" ба Панҷшер, аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки аз «амнияту субот» дар ин минтақа бинависад.
Дар ҳамин ҳол рӯзнома бо нақли қавл аз бошандагони ин вилоят гузориш медиҳад, ки ҳамла кардан ба қароргоҳҳои толибон дар Панҷшер як кори одӣ аст. Ин бошандагон, ки ба шарт фош нашудан ҳувиятшон бо "Вашингтон пост" мусоҳиба кардаанд, гуфтаанд, ки "Толибон" бархе аз ғайринизомиёнро дар боздоштҳои густурда зиндонӣ кардаанд.
Дар ин гузориши нашрия, муқовимат дар Панҷшер ривоятҳои калиди Толибонро бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Ривоятҳое, ки Толибон иддао мекунад сулҳро барои мардуми Афғонистон ба армуғон овардаанд ва ҷангҷуёни он қудрати таъмини амниятро доранд.
Толибон баъди ба даст гирифтани қудрат дар Кобул, дар моҳи сентябри соли гузашта иддао карданд, ки Панҷшерро комилан тасарруф карданд, аммо сухангӯёни Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯянд, ки ҳаргиз ин ҷабҳа ҳеч гоҳе таслим нашудааст ва ба муборизаи худ давом медиҳанд.
Як фармондеҳи нируҳои муқовамат, ки раҳбарии 100 нафари мусаллаҳ дар Панҷшерро ба дӯш доштааст, ба ин хабарнигор гуфтааст, ки онон умдатан бо силоҳҳое мусаллаҳ ҳастанд, ки аз тариқи марзҳои бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ирсол мешаванд. Ӯ гуфта, ки муҳиммот аз ҷумла силоҳҳои сангине монанде рокетандоз (гранатомёт) барояшон кофӣ нест.
Ин фармондеҳ, ки ба далоили амниятӣ нахостааст аз ӯ ном бурда шавад, гуфтааст: «мо тавассути чандин кишвар ҳимоят мешавем, аммо ба ҳимояти бештаре ниёз дорем».
Дар ҳамин ҳол, як нафаре бо номи Тавҳидӣ, яке аз бузургони маҳалли, ки ба далели тарс аз интиқом, танҳо бо номи хонаводагии худ мусоҳиба додааст, гуфтааст, ки ҳамалоти ваҳшиёнатар шудаанд, зеро талафот дар ҳар ду тараф афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфта, ки шоҳид будааст, ки ҷангҷӯёни "Толибон" пас аз талафот дидан дар як ҳамла, даст ба куштор ва маҳкамаи саҳроӣ задаанд. Ӯ афзуда, ки рух додани ин гуна ҳодисаҳоро дар сар то сари Панҷшер шунидааст.
Фаромарз як тоҷири бозори деҳаи Дара дар Панҷшер, ба хабарнигор гуфтааст, ки чанде пеш "Толибон" ҷасади як танро чанд рӯз ба намоиш гузоштанд.
Ӯ нақл кардааст, ки "ҷангҷӯён толиб «мехостанд ҳама ин ҷасадро бубинанд». Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёни "Толибон" «ба мардон иҷоза надоданд, то ҷасади ин фардро барои дафн мунтақил кунанд, ки дар ниҳоят занон маҷбур шуданд ҷассдро ба қабристон бибаранд".
Сарфи назар аз ин ки "Толибон" иддао доранд, ки дар Панҷшер ҷанге вуҷуд надорад, "Вашингтон пост" гузориш медиҳад, ки Додмуҳаммад Бутор, фармондеҳи собиқи қитъаи сурхи Толибон дар Лағмон, акнун яке аз раҳбарони аршади неруҳои вижаи ин гурӯҳ дар Панҷшер аст.
Вале у ба ин нашрия гуфтааст: «Вазъияти инҷо комилан хуб аст. Мо ба гаштзанӣ меравем, аммо ҳеҷ амалиёте анҷом надодаем. Мо асосан инҷо ҳастем то бо парвандаҳои ҷиноӣ сару кор бигирем».
Ба гузориши хабарнигори ин рӯзнома, ҳангоми мусоҳиба бо ин фармондеҳи Толибон, корвони мошинҳои зиреҳи ин гурӯҳро дидааст, ки ҳангоми шом дар ҳоли дохил шудан ва хориҷ шудан аз қароргоҳи Додмуҳаммад Бутор будаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста