Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо гузашти беш аз ду ҳафта, куштори пурсару садои ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштичро расман шарҳ дод ва фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа арзёбӣ кард.
Рӯзи 31 июни соли равон, ин ниҳод бо нашри як навор, Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳияи мазкурро гумонбари асосӣ дар ин куштор донист ва афзуд, маҳз доштани хусумати шахсӣ нисбати раиси кунунии идораи замини ноҳия сабаби даст ба куштори хунин задан гардидааст.
“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо бо ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад”,- омадааст даро изҳороти раёсат.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин асно, ғайриинтизор занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад.
“Мехостам раис ва чанд ҳамкори дигарамро тарсонам. Аловро сар додаму куштам. Дудаш баромада истода буд. Куштам, ки ҳамаҷо дар нагирад. Баъдан баромада аз раисро ҳам даргиронда куштам. Вақти баромадан яке аз фаррошҳоро дидаму сразу подвал фаромада кордро гирифта баромадаму як корд заданамро дар ёд дорам тамом. Дигар ягон чиз дар ёдам нест”, - нақл мекунад Мунавварзода рафти ҳодисаро.
Гуфта мешавад, ки ӯ, аввал Умеда Зокироваро бо 8 захми корд ба қатл мерасонад ва баъди он ки Вориса Фозилова ҳодисаро мебинад, ӯро бо 13 захми корд ба ҳалокат мерасонад.
“Фазои носолими корӣ дар идораи кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич заминаи фоҷиаи хунинро гузоштааст ва кушташудагон қурбонии тасодуфӣ мебошанд.” – шарҳ додааст, РВКД вилояти Суғд.
Ёдовар мешавем, ки ҷасади Вориса Фозиловаи 56-сола ва Умеда Зокироваи 45-сола рӯзи 17-уми июли соли равон дар Идораи замини ноҳияи Деваштич дарёфт шуд.
Дар аввал гуфта мешуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар корманди ин идора боздошт шудаанд. Вале баъдан посбони ин идораро, ки ҷасадҳоро пайдо карда буд, баъди бозпурсӣ раҳо карданд.
Пайвандони кушташудагон талаб доранд, ки гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
Гуфта мешавад, ки бар зидди Мунавварзода бар асоси моддаи 104 (одамкушӣ)-и парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста