Субҳи имрӯз, 26-уми апрел ду аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, нобуд карда шуда, аз онҳо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст. Дар ин бора Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ дар як изҳороти худ, ки дар АМИТ “Ховар” ба нашр расид, хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо субҳи имрӯз, 26 апрел дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар изҳороти КДАМ.
Манбаъ нагуфтааст, ки онҳо аъзоёни кадом ташкилоти байналмилалии террористӣ ва шаҳрвандони кадом кишваранд.
Танҳо ишора шудааст, ки “нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад”.
Ба иттилои ин ниҳод, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд.
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Рубль упал, но причем тут трудовые мигранты?
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Таджикистан и Евросоюз подписали соглашение о финансировании зелёного перехода в хлопководстве
Президент Таджикистана назначил дату парламентских выборов
Кому же достались столичные квартиры? Банк «Эсхата» подвел итоги акции «Интиколи бурднок 2024»
Как власти Таджикистана борются с загрязнением атмосферного воздуха
Мигрантам в Твери с 2025 года запретят работать еще в 46 сферах
Эксперт: концепция снижения вреда может помочь в профилактике рака
Спортсмены из Таджикистана завоевали медали на чемпионате мира по джиу-джитсу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста