Моҳи декабр дар фазои хеле махфӣ ду даври навбатии музокироти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Яке дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва дигаре дар вилояти Бодканди Қирғизистон. Изҳороти сарони Комиссияи байниҳукуматӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ки бисёре аз шаҳрвандони ду кишварро бо ошкорбаёнии барои ҷонибҳо ғайриоддӣ ба ҳайрат овард, метавон гуфт, як пешравии воқеӣ дар музокирот буд.

Дар тӯли беш аз 20 соли музокирот оид ба марз бори аввал ҷонибҳо дар бораи мавқеъи муштарак сухан карданд.

Нуктаи асосӣ ин пайдо шудани формулаест, ки мувофиқи он мақоми минтақаҳои боқимондаи баҳснок, иншоот ва дигар амволи дар он ҷойгиршуда баррасӣ мешаванд.

Мувофиқи қарори дар ҷараёни гуфтушуниди 1-уми декабри соли 2023 қабулшуда, “Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале замин қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад”.

Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев мушаххасан нагуфтанд, ки дар бораи кадом қаламраву кадом амвол сухан меравад, лекин муҳим он буд, ки онҳо дар бораи мавқеи устувори ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳарчӣ зудтари баҳси марзӣ изҳори назар карданд.

Аммо чун медонистанд, ки мардум бештар ба масъалаи таъмини долони нақлиётӣ ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон ва қитъаи роҳи Исфана-Бодканд, ки қаламрави Тоҷикистонро убур мекунад, таваҷҷуҳ доранд, онҳо ин масъаларо низ шарҳ дода, зикр карданд, ки ҳарду ин мушкил ҳам ҳал шудааст.

Раҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ, раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду Тоҷикистону Қирғизистон Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев рӯзи 1 декабр дар шаҳри Бӯстон мулоқот карданд, оид ба фаъолияти ин комиссия изҳорот доданд.
Акс аз АМИТ "Ховар"

Ҳеҷ касе пешгӯӣ карда наметавонист, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрад

Мероси баҳсноке, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар шакли “табартақсим”-и қаламравҳо боқӣ монд, ба муаммое табдил ёфт, ки ҳаллу фасли ин мушкилот дар баъзе минтақаҳои пасошӯравӣ бидуни ихтилоф ғайриимкон шуд. Аз ин рӯ, дар минтақаҳои гуногун муноқишаҳо сар заданд.

Ба ақидаи олимони тоҷик Саодат Олимова ва Музаффар Олимов, сарчашмаи аслии муноқишаҳои марзӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории марзӣ бо нишони миллист, ки дар соли 1924 оғоз  ва дар солҳои 30-50-уми асри гузашта анҷом ёфт.

“Фазои анъанавии геополитикӣ... (дар Осиёи Марказӣ, тавзеҳи идора) дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози сарҳади иқомати ин ё он гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ тақсим карда мешуд.

Аз ин рӯ, дар ҳар як ҷумҳурӣ анклавҳо (қаламрави берун аз сарҳад) ва мардуми берун аз марзҳо (ирредентҳо) боқӣ мемонданд. Ба ин вазъият чандон аҳамият намедоданд, зеро дар оянда ҳама бояд як халқи шӯравӣ мешуданд”, - навиштаанд Олимовҳо дар мақолаи “Муноқишаҳои сарҳадӣ дар водии Фарғона: сабабҳои нав, иштирокчиёни нав”, ки 27 марти соли 2017 дар маҷаллаи Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байнулмилалии ба номи Е.Примакови Академияи улуми Русия нашр шуд.

Мунир Аминов, коршиноси масоили иҷтимоӣ ва марзӣ ва ҳамзамон раиси Маркази дастгирии ҷамоати Хистеварз (Тоҷикистон) мегӯяд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вазъ аз он сабаб бадтар шуд, ки муноқишаҳои аввал дар сарҳад, ки бештар хусусияти маишӣ ва иҷтимоӣ доштанд, минбаъд тобиши тамоман дигар - миллӣ ва сиёсӣ гирифтанд.

“Агар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйдоду низоъҳо дар мавриди масоили замину об ва чарогоҳ дар сатҳи байни ҷамоатҳо сурат мегирифтанд, пас бо оғози корҳои таъйин ва аломатгузориии сарҳад, онҳо хусусияти байнидавлатӣ касб карданд, зеро ин ҷо аллакай дар бораи қаламраву иртибот ва захираву амволи мансуб ба давлат сухан мерафт. Ва ин боиси ташаннуҷ гардид”, - гуфт Мунир Аминов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс”.

Сабаби муддати тӯлонӣ ба тавофуқ нарасидани тоҷикону қирғизҳо, ба ақидаи таҳлилгар, ин аст, ки ҳар як ҷониб аз манофеи худ ҳимоя мекард ва касе намехост, ки гузашт кунад.

“Дарки он, ки ҳалли баҳси марзӣ бо роҳи низомӣ ғайриимкон аст, шояд замоне пайдо шуд, ки низоъҳои марзӣ ба задухӯрдҳои бузурги хунбор бо оқибатҳои вазнин табдил ёфт”, - гуфт Аминов.

Талафоти бебозгашт

Бино ба маълумоти манбаъҳои мухталиф, ки дар расонаҳои Қирғизистон нашр шуд, тайи 10 соли ахир дар минтақаи водии Фарғонаи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 144 муноқишаи гуногун рух дода, дар онҳо аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 200 нафар ҳалок шуданд.

Мувофиқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, тайи 12 соли ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 230 муноқиша бо истифода аз силоҳ ба вуқӯъ пайвастааст.

Омори талафоти ҷонӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гувоҳи он аст, ки бо ҷалби низомиён ба муноқишаҳо теъдоди қурбониён рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳам низомиёну ҳам шаҳрвандони қаторӣ ҳалок шуданд.

Даргириҳои бештар мусибатнок дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва сентябри соли 2022 рух доданд. Дар задухӯрди аввал аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ва аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар ҷон бохтанд.


Муноқишаи дуюм ҷони 41 шаҳрванди Тоҷикистон ва 63 шаҳрванди Қирғизистонро рабуд. Ин маълумоти расмӣ аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, теъдоди кушташудагон метавонист ба таври қобили мулоҳиза бештар бошад. Хусусан дар давраи задухӯрди аз 14 то 17 сентябри соли 2022.

Ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2022 дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати 59 шаҳрванди кишвар маълумот нашр шуда, Радиои Озодӣ тибқи таҳқиқоти худ, феҳристи исми 83 кушта аз ҷониби Тоҷикистонро чоп кард.

Мо намедонем, ки ба ҷуз омори расмӣ, дар Қирғизистон маълумоти дигаре дар бораи талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад ё на.

Талафоти дигар

Ба вазъи солимии садҳо нафар шаҳрвандони ҳар ду давлат осеби зиёд расонида шуд.

Танҳо бар асари ду задухӯрди ахири низомӣ зиёда аз 500 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дақиқтараш - 278 нафар аз ҷониби Тоҷикистон ва 396 кас - аз ҷониби Қирғизистон.

Садҳо манзили шаҳрвандони ду кишвар оташ зада, амволи он нобуд ва ё ғорат карда шуд. Ба мақомоти ҳарду кишвар лозим омад, ки барои барқарор намудани манзили шаҳрвандон, мактабҳо ва дигар иншооти зарардида муассисаҳои давлатӣ, ҷамоатҳои маҳаллӣ соҳибкорон ва ризокоронро сафарбар созанд, оилаҳои осебидидаро ҳадди ақалл қисман бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд, маблағ ҷалб созанд, то ки зиёни сокинони аз амалиёти ҷангӣ ҷабрдидаи деҳаҳоро ҷуброн кунанд.  

Сохтмончиён девори яке аз сокинони деҳаи Сомониён (Исфара) -ро, ки дар ҷараёни муноқишаи 2 июли соли 2021 хароб шуда буд, барқарор мекунанд.
Акс аз Неъматулло Мирсаидов

Гурезаҳо

Даргириҳои шадид дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва сипас задухӯрдҳои мусаллаҳона давоми солҳои 2019 - 2022 дар қалби бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ иқомат мекунанд, ҳисси тарсу ҳарос ва ноумедӣ эҷод кард.

Бино ба маълумоти расмии ҷониби Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳои рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 ҳудуди 140 ҳазор нафар шаҳрвандон аз маҳалҳои аҳолинишини фарогири задухӯрдҳо ба макони амн кӯчонида шуданд.

Дар бораи кӯчонидани сокинон аз мавзеъҳои набард дар ҷараёни даргириҳои моҳи апрел-май иттилоъи расмӣ вуҷуд надорад. Аммо одамон он замон ҳам маҷбур буданд, ки деҳаҳои худро тарк кунанд. Рӯзноманигорони қирғиз дар матолиби худ зикр мекунанд, ки  бисёре аз ин оилаҳо то ҳол ба макони зисти доимии худ барнагаштаанд.

Дар Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани шаҳрвандон аз минтақаи ҷангӣ дар ҷараёни даргириҳо иттилоъи расмӣ вуҷуд надорад. Аммо дар вақти задухӯрдҳои низомӣ аз маҳалҳои аҳолинишини наздимарзӣ ба макони дигар рафтани занону кӯдакон ва пиронсолон ба мушоҳида мерасид. Ҳарчанд ин раванд муташаккилона ба назар намерасид, лекин дар дил ва ҷисми одамон ҳисси тарсу ҳарос ва ноумедӣ вуҷуд дошт.

Сарҳадҳои баста

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муддати ду сол инҷониб баста аст. Қарор дар ин бора аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон пас аз аз муноқишаи мусаллаҳона дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 қабул карда шуд.

Ҳамлу нақли бор, равуои одамон пурра қатъ гардида, бозорҳои наздисарҳадӣ бастаанд ва шаҳрвандони ҳарду кишвар дар деҳаҳои наздимарзӣ дигар ба савдо машғул нестанд.

Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, молу маҳсулот ва таҷҳизот танҳо тариқи роҳҳое, ки маҳалҳои аҳолинишинро убур мекунанд, аз ҷумла роҳҳои Бодканд - Исфана, Исфара - Ворух ва Хуҷанд - Конибодом иҷоза шудааст.

Одамон аз таваққуфи мошинҳо дар қаламрави бегона ва гузашта аз ин, фаромадан аз он метарсанд, то ки аз ҷониби марзбонон ё намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ дастгир нашаванд.

“Ҳатто мо, қирғизҳо метарсем, ки ба бозори наздисарҳадии Арқа равем, ки панҷ километр дуртар аз мо воқеъ аст. Аз он ҳарос дорем, ки метавонанд хабар диҳанд, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонем”, - гуфт ба “Азия-Плюс” сокини деҳаи Санҷидзор (собиқ Ҷигдалик), ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

“Мо аз ҳолати мардум дар ин ва дигар авулҳои Қирғизистон огаҳем: мардум мехоҳанд савдо кунанд, зеро барои бисёре аз оилаҳо дар Арқа, Мақсат, Қаробоғ ва дигар деҳоти Қирғизистон савдо сарчашмаи ягонаи даромад буд”, - илова намуд ҳамсуҳбат.

“Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам барқарор гардидани савдоро мехоҳем. Барои бисёре аз мо низ, савдо сарчашмаи ягона набошад ҳам, даромади хуб медод”, - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Зане, ки сокини авули начандон калони Дахмаи ноҳияи Бодканд мебошад, ки бо деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, вазъиятро чунин шарҳ дод: “Вақте ки бо ҳамсояҳо дар кӯча вомехӯрем, танҳо салом медиҳему халос. Муносибатҳо мисли пештара нестанд”.

Шаҳрвандони Қирғизистон дар канори деҳаи Хистеварзи Тоҷикистон ангишт савдо мекунанд, 14 декабри соли 2019.
Акс аз Неъматулло Мирсаидов

Ҳам давлату ҳам сокинони одӣ зиён мебинанд

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, тайи се соли ахир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тариқи гузаргоҳҳои Суғд, ки содироту воридот асосан ба онҳо рост меояд, аз 48 млн доллар то 3 млн доллар поин рафтааст.

Дар зарфи 9 моҳи соли 2023 бошад, ҳамагӣ 250 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ин миллионҳо маблағест, ки ба буҷети давлатии ҳар ду кишвар аз ҳисоби боҷи давлатӣ ва андозҳо ворид нашуд ва соҳибкорони кишварҳо даромад гирифта натавонистанд.

Сарҳадҳои кушодаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сокинони деҳаҳои наздимарзӣ имкон медод, ки бо ҳамдигар савдо ва табодули мол кунанд ва некӯаҳволии худро дар сатҳи хуб нигоҳ доранд.

Ин ҳамзамон қисман як роҳи ҳалли мушкилоти шуғли аҳолӣ дар деҳот буд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон яке аз мушкили ҷиддии иҷтимоӣ боқӣ мемонад.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 980 км-ро ташкил медиҳад. То 23 декабри соли 2023 90%-и хатти сарҳад мувофиқа шудааст. Пас аз барқарор шудани фаъолияти комиссияҳои корӣ дар моҳи октябр муяссар шуд, ки 120 километри сарҳад муайян карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.