Додгоҳи ноҳияи Басмани Маскав рӯзи 24 март чаҳор муттаҳамро дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Холл» ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридуни Шамсиддин бо иттиҳоми терроризм (моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия) то 22 май дар ҳабси пешакӣ мемонанд. Онҳо ба гуноҳи худ комилан иқрор шуданд, хабар медиҳад додгоҳ.
Дар чеҳраи онҳо осори лату кӯб мушоҳида мешавад ва зоҳири онҳо пас аз лаҳзаи боздошт хеле тағйир ёфтааст.
Рӯзи 22 март, тақрибан соати 20:00 чаҳор марди мусаллаҳ ба сӯйи меҳмонони толори консертии «Крокус Сити Холл» дар вилояти Маскав тир кушода, толорро оташ заданд. Тибқи маълумоти охирин, 137 нафар кушта ва 180 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми худ гуфт, дар робита ба ҳамлаи террористӣ 11 нафар боздошт шудаанд. Аммо маълум нест, ки ҳафт нафари дигар кистанд, дар ҳамлаи террористӣ чӣ нақш доштаанд, ҳоло дар куҷоянд ва қарори ҳабси пешакӣ содир шудааст ё не.
Далерҷон Мирзоев
Дар ҷаласаи додгоҳ маълум шуд, ки Далерҷон Мирзоев 32 сола буда, соҳиби кӯдакони солҳои таваллудашон 2018, 2017 ва дугоникҳои якунимсола мебошад. Ӯ дар Новосибирск ба муддати се моҳ сабти номи муваққатӣ дошт, ки мӯҳлати он аллакай гузаштааст.
Як рӯз пеш сармуҳаррири шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян видеои бозпурсии Мирзоевро нашр карда, ӯро раҳбари гурӯҳи терористӣ номид. Дар навор ӯ мегӯяд, ки тақрибан як моҳ бо Муҳаммад (дар мурофиа маълум шуд, ки ин созмондиҳандаи дигари ҳамлаи террористӣ Муҳаммадсобир Файзов будааст) дар хобгоҳе дар шоҳроҳи Дмитров зиндагӣ мекард. Вай ҳамчунин гуфт, ки 10-12 рӯз пеш тавассути Telegram бо нафаре бо номи Абдулло шинос шуда, аз хешовандони ӯ мошин харид, то таксиронӣ кунад.
Тавре нашрияи «Важные истории» менависад, эҳтимол сухан дар бораи Абдулло Бӯриев меравад, ки шояд созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав бошад. Ба навиштаи ин нашрия, ӯ омилони ҳамлаи террористӣ дар Истамбулро дар охири моҳи январ бо мошини дорои рақамҳои Лаҳистон таъмин карда, сипас ба Русия парвоз кардааст. Бӯриев ба ҳайси куратори бахши афғонистонии ДОИШ зери назорати хадамоти истихбороти Туркия қарор доштааст.
Саидакрам Раҷабализода
Ба иттилои расонаҳо, дар додгоҳ ӯ тавассути тарҷумон посух додааст. Ӯ гуфтааст, ки 30 сол дорад, зану фарзанд дорад ва дар Русия сабти ном кардааст, аммо ҷойи зисташро дар ёд надорад. Айни замон бекор, маълумот олӣ надорад.
Қаблан наворҳои боздошти ӯ пайдо шуда буданд, ки дар он маъмурони амниятӣ гӯшашро бурида, маҷбур мекунанд онро бихӯрад.
Дар сабти видеоии бозпурсӣ, ки мард бо сари баста ва либоси хунолуд зоҳир мешавад, афсари амниятӣ дар паси дастгоҳи наворбардорӣ суол мекунад, ки ҳамлагарон силоҳи худро ба куҷо партофтаанд - дар вилояти Маскав ё наздиктар ба марз. Мард ҷавоб медиҳад, ки "дӯстонаш" ин корро кардаанд. Вай баъдан тавзеҳ медиҳад, ки ҳамлагарон қабл аз боздошт силоҳҳои худро дар роҳ партофтанд.
Фаридуни Шамсидин
Ӯ оиладор ва соҳиби як кӯдаки ҳаштмоҳа будааст. Фаридун дар Красногорск сабти ном шуда, дар шаҳри Подолск кор мекардааст, маълумот доданд дар додгоҳ.
Навори боздошти ӯ аввалин шуда нашр шуд. Дар як навори видеоие, ки Маргарита Симонян, сардабири шабакаи телевизионии RT паҳн кардааст, Фаридун мегӯяд, рӯзи 4 март аз Туркия омад, ба онҷо барои убури марз ба хотири тамдиди аснод рафта буд.
Вақте нерӯҳои амниятӣ мепурсанд, ки ӯ дар «Крокус Сити Холл» чӣ кор мекард, ӯ ҷавоб медиҳад: "Ман одамонро барои пул паррондам". Ба гуфтаи ӯ, ба ӯ 500 ҳазор рубл ваъда карда нисфашро пешакӣ ба корти бонкиаш гузаронидаанд.
Боздоштшуда гуфтааст, ки дар Telegram мавъизаҳои як рӯҳониро гӯш мекард ва супориши террорро аз ёрдамчии ӯ гирифтааст. Бо созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ тавассути ин паёмрасон иртибот доштааст.
Дирӯз шабакаҳои телеграми марбут ба нерӯҳои амниятӣ аксеро нашр карданд, ки дар он Фаридунро бо қувваи барқ шиканҷа мекунанд. Дар акс дида мешавад, ки ӯ рӯйи фарш нимурён хобидааст ва ба узви таносулаш дастгоҳи алоқаи низомии ТА-57 пайваст карда шудааст. Ба гуфтаи расонаҳо, ин роҳро нерӯҳои амниятӣ барои шиканҷа бо разрядҳои барқ истифода мекунанд.
Муҳаммадсобир Файзов
Ӯро ба толори додгоҳ бо аробача мустақиман аз шӯъбаи эҳёгарӣ бо ҳамроҳии табибони ёрии таъҷилӣ оварданд.
Гумонбар хеле оҳиста ва бо латма гап мезад Ӯ 19-сола буда, муҷаррад аст ва маълумоти миёна дорад. Қаблан ӯ дар сартарошхонаи шаҳри Иваново кор мекардааст ва дар он ҷо сабти ном шуда будааст.
Расонаҳо навиштаанд, ки ҳангоми боздошт чашми чапи ӯ захмӣ шудааст. Қаблан навори бозпурсии ӯ дар бемористоне, ки ӯро ҷарроҳӣ кардаанд, нашр шуда буд.
Ба гуфтаи додгоҳ, ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандон ва зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Одамони бегуноҳро меҷустанд
Як рӯз пас аз ҳамлаи террористӣ дар Маскав дар шабакаҳои Telegram хабар доданд, ки эҳтимолан созмондиҳандагони теракт шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, шабакаи “База” дар бораи дар шӯъбаҳои пулис паҳн кардани маълумот дар бораи чаҳор террористи эҳтимолӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамон рӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи даст доштани шаҳрвандони кишвар дар ҳамлаи террористиро рад карда, онро қалбакӣ хонд ва хостори такя ба маълумоти расмии ниҳодҳои давлатии Русия шуд.
Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин рӯйхати пулис зикр шудаанд, ба амали террористӣ рабте надоранд ва дар Тоҷикистон қарор доранд.
«Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар ҷойи истиқомати худ зиндагӣ мекунанд», - шарҳ дод ВКД.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин хабар дод, ки шахси сеюм аз ин рӯйхат Рустам Назаров дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия ба ҳайси ронандаи такси кор мекунад ва дар вақти ҳодиса бо аҳли оилааш дар ин шаҳр будааст.
Террористон миллат надоранд
Пас аз хабарҳои эҳтимолияти даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ дар бахши русии шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳо ва шарҳҳо бо даъвати ихроҷи кулли тоҷикон аз Русия, пеш кардани онҳо аз кор ва худдорӣ аз сафар дар таксӣ бо ронандагони тоҷик оғоз ёфт.
Аммо баъдан шахсиятҳои маъруф ва блогерон ба худдорӣ даъват карданд ва ёдовар шуданд, ки терроризм миллат надорад.
Раисиҷумҳури Русия яке аз аввалинҳо шуда дар паёми худ дар ин бора сухан гуфт:
«Террористҳо, қотилон, ноодамоне, ки наметавонанд миллат дошта бошанд, бо як сарнавишти ҳасаднопазир – интиқом ва ба фаромӯшӣ дучор мешаванд. Онҳо оянда надоранд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Баъдтар овозхон Тимати бо нашри видео аз тоҷикон ҳимоят карду даъват намуд, ки ба иғво набояд дода шуду ба низои миллию нажодӣ дар Русия замина гузошт.
"Тоҷикон гунаҳкор нестанд, ки ин нобакорон бар ивази 500 ҳазор рубл ба теракт даст заданд", - гуфт ӯ.
Дина Саева, блогер ва модел аз пайгиронаш даъват кард, ки муноқишаи қавмиро барнаангезанд.
"Дар ин амали хушунатомезе, ки ҳеҷ тавҷеҳе надорад, даҳҳо миллион нафар тоҷикон гунаҳкор нестанд", - изҳор дошт Дина Саева.
Дигар шахсиятҳои маъруф, таъсиргузор ва блогнависони тоҷик низ ҳамин гуна изҳоротро баён доштанд.
Эмомали Рахмон выразил соболезнования в связи с атаками на автоколонны в Пакистане
Сборная Таджикистана выиграла три золотых медали чемпионата Азии по гребле
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 ноября 2024 года
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста