Вазоратҳои умури хориҷа ва адлияи Русия лағви гуруҳи Толибон* аз рӯйхати созмонҳои террористиро баррасӣ доранд. Дар ин бора “Газета.Ру” хабар дода, навишт, ки “қарори ниҳоиро роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул мекунад”.
Пештар аз ин, Ойбек Смадиёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории “Казинформ” гуфта буд, ки тасмими лағви Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ гирифта шудааст.
Ин ду тасмим, миёни коршиносон баҳсро дар бораи паёмад ва хатарҳои он доғ кард. Муҳимтарин суоле, ки таҳлилгарон ба он посух меҷӯянд, ин аст, ки ҳадаф аз лағви Толибон аз рӯйҳати созмонҳои террористӣ чист ва он то кадом андоза ба амнияти минтақа таъсир хоҳад гузошт. Ҳамчунин, пас аз Қазоқистон ва Русия, дигар кишварҳои минтақа низ Толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карда, равобитро барқарор мекунанд?
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ба ин суолҳо аз коршиносон посух пайдо кунад.
Манфиат ва қудрати костаи Русия
Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистон мегӯяд, шинохти расмии ҳукумати Толибон аз тарафи Русия бо мақсади ҳимояи манфиатҳо ва нигоҳ доштани мавқеъ дар ин минтақаи муҳими геостратегӣ аст.
Ба андешаи ӯ, дар шароити рақобати шадид байни Русия ва паймони Ғарб минтақаи Шарқи Миёна метавонад аз нав ба саҳнаи даргириҳои ду қутби нуфузи ҷаҳон табдил ёбад ва ин ба манфиати Русия нест.
“Пеш аз ҳамла ба “Крокус” дастгоҳи дипломатии Русия бо Толибон дар иртиботи наздик буд, намояндагони “Толибон” ба ҳамоишу музокироти сатҳи гуногун ба Русия даъват мешуданд ва ба қавле замина фароҳам шуда буд. Ҳамакнун, онҳо метавонанд дар амри шинохти ҳукумати Толибон тасмим гиранд”, - гуфт Раҳматулло Абдуллоев.
Аммо созиш бо Толибону шинохти ҳукумати онҳоро Абдуллоев иштибоҳ барои Русия медонад, зеро ба қавли ӯ, роҳбарони ин гуруҳ то ҳол дар феҳристи ташкилотҳои террористӣ қарор доранд ва бо гуруҳҳои даҳшатафкан низ робита доранд.
Дар мавриди таъсири ин иқдоми эҳтимолии Русия ба кишварҳои минтақа, Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, ин кишвар имрӯз он имкону тавоноиеро, ки қаблан дошт, надорад, аз ин лиҳоз, на ҳама интизориҳояш аз кишварҳои узви ИДМ амалӣ мешаванд.
“Шинохти ҳукумати Толибон ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар мадди аввал, ҷумҳурии мо нест. Имрӯз Тоҷикистон бо Афғонистон муомилоти тиҷоратӣ дорад – гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ҳастанд, ширкати барқи Афғонистон аз Тоҷикистон барқ мехарад ва бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол ҳастанд. Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон зидди муҳосира ва инзивои кишвари ҳамсоя аст ва намехоҳад сатҳи зиндагии мардуми он бад гардад”, - зикр мекунад Абдуллоев.
Ба қавли ин коршинос, сабаби асосии худдорӣ аз шинохти расмӣ омода набудани Толибон ба муросо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Зеро онҳо ҳеҷ як интизориҳои ҷомеаи ҷаҳониро бароварда накарданд ва “ин ҳаракат моҳияти тундрав ва ҷангҷӯёнаи худро дигар нахоҳад кард ва барои кишварҳои мо хатари ҳузури онҳо боқӣ мемонад”.
Ин кори як-ду рӯз нест
Рустам Азизӣ, коршиноси бахши муқовимат бо ифротгароӣ ба ин андеша аст, ки дар шароити ҳозираи Русия, ки дар инзиво қарор дорад, ҳеҷ як тасмим баъид нест. Вале эҳтимоли эътирофи расмии режими Толибон ё лағви он аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳам осон нест. Он бояд дар чанд сатҳ, аз ҷумла дар доираи созмонҳое мисли СААД, СҲШ ҳамоҳанг шавад.
Ӯ мегӯяд, ҳоло Русия зоҳиран мехоҳад шеваи гуфтори худ ва созмонҳои зери нуфузашро бо “Толибон” то як андоза тағйир диҳад.
“Русия дар пасманзари ҳодисаи “Крокус” дар фазои иттилоотӣ як ривояте сохта истодааст, ки гӯё аз сӯи Давлати исломӣ таҳдид ва хатари зиёд аст ва аз ин рӯ, онҳо бояд ночор бо Толибон то як андоза ҳамкорӣ ё ҳадди аққал равобит дошта бошанд, то тавонанд алайҳи хатари “ДОИШ-и Хуросон” истодагарӣ кунанд. Вале ин андеша, ки Русия мехоҳад Толибонро ба зидди “ДОИШ-и Хуросон”* “шӯронад” маъно надорад. Чунки “Толибон” бидуни ҳеҷ дахолати Русия ҳам бо “ДОИШ-и Хуросон” муқовимати сарсахтона доранд. Барои “Толибон” дар ҳудуди Афғонистон “ДОИШ” рақиби ҳаётӣ аст. Аз ин рӯ, ҳарчанд кӯмаки Русия барои “Толибон” дар ин самт муассир аст, вале нақши калидӣ надорад”, - мегӯяд Азизӣ.
Ба қавли ин коршинос, дар робита ба баровардани “Толибон” аз рӯхати террористон, ба истиснои Қазоқистон, дар дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ садоҳо нестанд. Ӯ мегӯяд, ин кори як-ду рӯз нест ва чанд марҳалаву равандҳои идорӣ бояд сурат гирад.
Аслан, бо шиддат гирифтани “ДОИШ-и Хуросон” вазъи минтақа бисёртар хатарро эҳсос мекунад. Зеро аз фарқ аз “ДОИШ-и Ховари миёна” “ДОИШ-и Хуросон” Осиёи Марказиро қаламравӣ аслии худ медонад ва ҳама гуна амалиёти террористӣ, таблиғот, басиҷ ва ҷалб намудани ҷангиёни нав аз ин кишварҳо дар сархати ҳадафҳои “ДОИШ-и Хуросон” қарор дорад.
Душмани муштарак
Темур Умаров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, вақте дар бораи хориҷ кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ сухан меравад, бояд дарк кард, ки Маскав манфиатҳои худро пайгирӣ дорад ва ба рӯйдодҳои дохили Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунад.
“Манфиатҳо зиёданд. Яке аз он мубориза бо Вилояти Хуросон аст, ки ҳам Русияро ва Толибонро душмани худ медонад. Ва пас аз ҳамла ба “Крокус”, ки ин гуруҳ ба зимма гирифт, мубориза бо ин гуруҳ барои Русия муҳим аст. Дар ин самт ҳамкорӣ бо Толибон, чун низоме, ки Афғонистонро таҳти назорат доранд ва Вилояти Хуросон низ онҷо мустақар аст, барои Русия манфиатовар аст”, - мегӯяд Умаров.
Ба қавли ин коршинос, Толибон мисли Вилояти Хуросон созмони назариявӣ нест ва сарфи назар аз ҳама даҳшатҳое, ки содир кардаанд, нуфузи байнулмилалӣ надоранд. Онҳо ошкоро мегӯянд, ки ин як идеяи миллӣ аст. Яъне ҳадафҳои худро берун аз қаламрави Афғонистон пиёда намесозанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Толибон хатари густариши тундгароӣ дар Русияро надорад.
“Хатаре вуҷуд дорад, ки бо қонунӣ кардани ҳукумати Толибон, шумо ба ҳама даҳшатҳое, ки дар дохили Афғонистон рух медиҳанд, чашм мепӯшед. Аммо аз нуктаи назари Маскав, гӯё ин кори ӯ нест. Онҳо чунин мешуморанд, ки ба таъмини амнияти миллӣ машғуланд ва ҳамаи амалҳояшон мантиқа аст”, - гуфт Умаров.
Муқовимати нотавон ва идомаи бозӣ
Андрей Серенко, коршиноси рус оид ба масоили Афғонистон ба ин бовар аст, ки Толибон дуюним сол дар Афғонистон қудрат доранд ва дар ин муддат дар дохили кишвар ҳеҷ алтернативаи воқеӣ ба вуҷуд наомад. Ва ҳеҷ аломате, ки аз пайдо шудани чунин алтернатива гувоҳӣ диҳад, низ ба назар намерасад.
“Муқовимати Афғонистон натанҳо натавонист қувва ва қобилияти қавии худро барои сарнагун кардани ҳукумати Толибон нишон диҳад, балки ҷиҳати бунёди як ҷазирақаламрави даст наёфт. Ҳамлаҳои ҷудогона ба Толибон танҳо ин нотавониро таъкид мекунанд. Шояд анҷоми ин кор дертар муяссар шавад, аммо ҳоло не”, - таъкид мекунад Серенко.
Ӯ мегӯяд, ИМА омодагӣ мегиранд, ки пас аз интихоботи моҳи ноябр фаъолмандии худро дар Афғонистон ба таври назаррас густариш диҳанд ва ҳоло бо густариши корҳо бо “гурӯҳи қандаҳорӣ” дар раҳбарияти Толибон (аён аст, ки онро ба тасарурфи пурраи ҳокомият дар Кобул омода мекунанд), ба ин ҷиддӣ омода мешаванд. Амрикоиҳо ба вазири мудофиаи Толибон мулло Яъқуб такя мекунанд, ки ӯро дар мақоми амири гурӯҳ мебинанд.
“Пас аз муддате (ҳатто хеле зуд) дар Толибон табаддулоти сиёсӣ имконпазир аст, ки натиҷаи он истеъфои (бо ин ё он баҳона) амири кунунӣ Ҳайбатулло Охунд хоҳад буд. Ин мубориза барои қудратро дар системаи идоракунии Толибон шадидтар мекунад”, - гуфтааст Серенко.
Аз ин лиҳоз, ба ақидаи ӯ, бо мақсади пешгирии тақвияти мавқеи Вашингтон дар бозии Афғонистон, Русия ва Чин кӯшиш доранд ҳарчи зудтар иттифоқчиёни эҳтимолии худро дар дохили Толибон, ки ба “гурӯҳи қандаҳорӣ”-и ҷонибдори Амрико воқеъан рақобатпазир бошанд, муайян кунанд. Ба назар мерасад, ки Маскав ва Пекин кӯшиш хоҳанд кард, ки бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, роҳбари кунунии Вазорати корҳои дохилии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Барои ин раванди эътирофи ҳукумати Толибонро оғоз кардан лозим, то роҳи сафарҳои Ҳаққонӣ ба Маскав ва Пекин боз шавад. Яъне ин ҳама танҳо барои манфиат аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Афиша от «Азия-Плюс»: поиск следов динозавров, «Мир лучших саундтреков» и ярмарка «Время чудес»
В Таджикистане заметно снизились доходы частных операторов связи
Более полугода назад маленький таджикистанец Сулаймон получил укол «Золгенсмы». Как малыш сейчас?
Таджикская экоорганизация «Маленькая Земля» получила премию ООН Gender Just Climate Solutions
Загрязнение воды, выброс отходов и вырубка деревьев: в Таджикистане увеличили штрафы
Озоди: Более 100 чиновников были допрошены по делу журналиста Ахмада Ибрагима
В Таджикистане снизили стоимость электричества для производителя удобрений – «Азот»
Душанбе Сити Банк уже подарил 4 приза — успейте и вы!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста