Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав ба мақомоти амнияти Русия маълум буда, ҳоло ӯ дар хориҷа қарор доштааст. Дар ин бора Александр Бортников, сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия ба Интерфакс иттилоъ додааст.
Бортников гуфтааст, “тибқи тафтишоти анҷомшуда, тахмин карда метавонем, ки созмондиҳандаи асосӣ дар хориҷа аст”.
Аммо ӯ бо баҳонаи идомаи тафтишот, аз ошкор кардани ҳуввияти гумонбар худдорӣ кардааст.
“Тафтишот сирри махфӣ дорад ва моро лозим аст, тавре амал кунем, ки фаъолиятамон натиҷаи мушаххас диҳад”, - гуфтааст Бортников.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав 22-юми март рух дод. Чор марди мусаллаҳ вориди ин толор шуда, ба сӯйи издиҳом тир кушоданд ва биноро оташ заданд. Дар натиҷа 145 нафар ҷон бохта, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бо гумони содир кардани ин ҷиноят, аввал чор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардиданд. Баъдан боздоштҳо идома ёфт ва айни ҳол, теъдоди боздоштшудагон ба 13 нафар расидааст, ки 12 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.
Дар бораи ҳуввияти боздоштшудагон ва дигар ҳаводиси вобаста ба ин ҳамлаи террористӣ аз гӯшаи “Ҳамла ба Крокус Сити Ҳол” маълумоти муфассал пайдо кунед.
Конрад Арц фон Штрауссенбург: «Германия обеспокоена отношением к мигрантам Таджикистана в России»
Кохир Расулзода открыл новые учебные заведения и социальные объекты в Хатлоне
Байден тайно запросил у Конгресса дополнительные 24 миллиарда долларов для Украины, - Politico
Таджикистан и Мальдивы подписали соглашение об отмене виз
«Таджик Кристалл» отметил 23-летие
Конец осени в Таджикистане будет дождливым и ветренным
После гибели Тароны и публикации «Азия-Плюс» мэр Пенджикента дал указание построить школу
Путин назвал Россию крупнейшим экономическим партнером Казахстана
В Китае экс-главу Bank of China приговорили к смертной казни за взятки
Байден сообщил, что Израиль и «Хезбалла» договорились о перемирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста