Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздикони онҳоро бастаанд.

Бино ба хабари манбаъҳои Радиои Озодӣ аз 30-юми июл, ҳамчунин дастур дода шудааст, ки хонаводаи онҳо ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе намегӯянд.

Наздикони боздоштшудаҳо ҳамчунин аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят доранд. Аз ҷумла, яке аз наздикони афроди боздоштшуда гуфт, бар асоси мактуби мақомот ӯро аз ҷойи кораш рондаанд.

Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаҳоро пеш мебарад, аз додани ҳама гуна ҷузъиёт дар робита ба ин қазия ва афроди боздоштшуда худдорӣ мекунанд. Дар ин миён фақат Саидҷаъфар Усмонзодаро, ки моҳи гузашта дастгир шуд, ба талош барои ғасби ҳукумат муттаҳам кардаанд. Дар бораи бақия чизе нагуфтаанд. Додситонӣ ба ин парвандаҳо муҳри махфӣ задааст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони афроди боздоштшуда мегӯянд, аз рӯзи боздошт то кунун муваффақ нашудаанд, ки онҳоро бинанд. Онҳо мегӯянд, аксари вакилони дифоъ пешниҳодро барои ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои наздикони боздоштшудаашон ба дӯш намегиранд. То кунун на ҳама боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд.

Ҳамчунин наздикони боздоштшудаҳо ба далели фишор аз зикри номашон худдорӣ мекунанд ва ҳувияти вакилони дифои пайвандонашонро ошкор намекунанд.

Радиои Озодӣ бар асоси иттилои манбаъҳои худаш маълум кард, ки ба ҷуз вакили дифои давлатӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимов вакилони дифои мустақил доранд. Аммо вакилони дифоъ бо рӯзноманигорон ва расонаҳо суҳбат намекунанд.

То кунун вакилони дифоъ муваффақ нашудаанд, ки бо зерҳимояҳои худ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд. Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон, дар ҷараёни бозпурсиҳо танҳо вакили дифои давлатӣ ширкат мекунад, аммо ба далели махфӣ будани парванда ҷузъиёти он расонаӣ намешавад.

Наздикони дастикам ду боздоштшуда дар ин қазия ба шарти набурдани номашон гуфтанд, ки онҳо ба Додситонии кул ва Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шикоят кардаанд, ки муфаттишон намегузоранд, онҳо ва вакилони дифояшон бо наздиконашон мулоқот кунанд.

Пайвандони афроди боздоштшуда мегӯянд, то кунун ҳеч иттилое дар бораи шароиту будубош, вазъи саломатӣ ва чигунагии тафтиши қазия надоранд. Бархе аз наздикони афроди боздоштшударо дар пайванд ба ин қазия мақомот бозпурсӣ кардаанд, аммо аз онҳо забохат гирифта шудааст, ки ҷузъиётро махфӣ нигоҳ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.