Намояндагони сохторҳои давлатӣ дар маросими муаррифии Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки рӯзи ҷумъа, 2-юми март дар Душанбе баргузор шуд, иштирок карданд.
Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) оид ба мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон созмон дода шуд, намояндагони Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия ва мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар идораҳои давлатӣ ва ҳамчунин созмонҳои ҷамъиятиву ВАО иштирок карданд.
Дар оғози маросими муаррифӣ Нигина Баҳриева, роҳбари фонди ҷамъиятии «Нотабене» хотиррасон намуд, ки ҳадафи аслии стратегия муттаҳид кардани кӯшишу талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баҳри мубориза бо истифодаи шиканҷа ва беҷазо мондани гунаҳкорон дар ин амал аст.
«Танҳо бо кӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатии ҷудогона наметавон низомро тағйир дод. То ҳамон андозае, ки талаботи ҳар як инсон бештар бошад, ҳамон қадр масъулияти шаҳрвандии аъзои ҷудогонаи ҷомеа ба ҳифзи манфиатҳои онҳо зиёдтар гардида, мақомоти давлатӣ ба риояи ин меъёрҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд намуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, дар чаҳорчӯби Эътилоф як қатор сохторҳои ғайрирасмӣ – маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҳамчунин марказҳои мониторингу таҳлил ва медиа-марказҳо таъсис дода мешаванд, ки кори комплексӣ дар бахши пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷаро таъмин месозанд.
Роҳбари Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар шарҳи ин масъала гуфт, қумаки ҳуқуқии амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа тавассути қабулгоҳҳои умумӣ ва махсуси ҳуқуқӣ расонида мешавад.
«Дар он ҷо ба мизоҷон машваратҳои хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод гардида, дар баъзе ҳолатҳо онҳо ба таври ройгон бо вакилони мудофеъ таъмин карда мешаванд, - гуфт ӯ. – Ҳамчунин мо дар Тоҷикистон таҷрибаи мурофиаи стратегии судиро, ки дар бисёр кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди амал қарор дорад, истифода карданием, ки ба он иштироки мо дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи Шодиев мисол шуда метавонад».
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Афиша от «Азия-Плюс»: поиск следов динозавров, «Мир лучших саундтреков» и ярмарка «Время чудес»
В Таджикистане заметно снизились доходы частных операторов связи
Более полугода назад маленький таджикистанец Сулаймон получил укол «Золгенсмы». Как малыш сейчас?
Таджикская экоорганизация «Маленькая Земля» получила премию ООН Gender Just Climate Solutions
Загрязнение воды, выброс отходов и вырубка деревьев: в Таджикистане увеличили штрафы
Озоди: Более 100 чиновников были допрошены по делу журналиста Ахмада Ибрагима
В Таджикистане снизили стоимость электричества для производителя удобрений – «Азот»
Душанбе Сити Банк уже подарил 4 приза — успейте и вы!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста