Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ба озодии ВАО эҳтиром гузошта, механизми дақиқ ва шаффофи танзими сабти номи рӯзноманигоронро роҳандозӣ намояд.
Дар изхороти имрӯз пахшшудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, «Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд».
«Мо, Сафорати Амрико, ҳамеша нигаронии худро оиди муносибат бо хабарнигорон дар Ҷумхурии Тоҷикистон, минҷумла бо ҷаноби Абдуқаюм Қаюмзод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ менамоем, - омадааст дар изҳорот. - Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад».
Ёдрас мекунем, ки Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид. Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистонро ба даст овард ва аз сӯи нашрияи “Фараж” “Журналисти сол” эълон шуд.
Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд.
Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.
Рӯзи 23-юми январ радиои Озодӣ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва рад шудани дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар додааст.
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста