Пас аз маҷлиси муштарак, ки санаи 2-юми июн доир гардид, саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» тасмим гирифтанд, ки мустақилона ба идомаи сохтмони манзилҳои нотамомашон идома бидиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, санаи 6-уми июн Суди олӣ нодурустии қарори судро шарҳ дода, пас аз ин ширкат барои идомаи сохтмони биноҳо сармоягузорони дохилӣ ё хориҷиро ҷалб карда метавонад.
«Мо дар дар даст мактуби Прокуратураи генералӣ дар бораи бекор шудани манъи муомилоти марбут бо сохтмони иншооти нотамоми ширкатро дорем ва ин кофист, ки сохтмон идома ва ҳатто саҳҳомон аз ҳисоби худ бунёди манзилҳояшонро ба итмом расонанд.
Иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати «Моврароуннаҳр» Тӯрабек Охунов қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки дар сурати ҷалби сармоягузорон дар навбати аввал онҳо бо ҳар кадоме аз саҳҳомон шартнома ба имзо мерасонанд, ки дар он харидор ба пардохти қарзи боқимонда аз ширкат дар муҳлати муайян уҳдадор мешавад ва бо назардошти болоравии нархи масолеҳи сохтмон дар муддати ҳудуди 3 соли таваққуф, арзиши манзилҳо ҳамагӣ 2-3 ҳазор доллари ИМА меафзояд, ки ин ҳам нисбат ба нархи бозор 30-40% камтар аст.
Аз замони боздошти собиқ раҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов тирамоҳи соли 2010, иншооти сохтмонаш нотамоми ширкат иборат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт таҳти ҳабс қарор доштанд ва дар он корҳои сохтмонӣ қатъ гардида буданд.
Бино ба маълумоти Суди олии ҶТ, зарари умумии аз ҷониби ширкат расонидашуда 62 млн. сомонӣ ё худ 14 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Арзиши иншооти сохтмонаш нотамоми таҳти ҳабс қароргирифта хеле камтар аст.
Моҳи июли соли 2012 Суди олии Тоҷикистон раҳбари 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охуновро ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.
Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда - ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо мавриди афв қарор гирифта, муҳлати ҷазо аз замони боздошти Охунов – 9-уми ноябри соли 2010 ҳисоб мешавад.
Реальные «Мстители». Как Парвиз Джамалов показывает историю таджикского народа через героев Marvel
Таджикистан призвал защитить ледники на фоне глобальной борьбы с опустыниванием
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста