Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба журналист Абдуқаюми Қаюмзод қарор дар бораи қонеъ нагардидани даъвояш нисбати собиқ корфармояш – хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ»-ро супурд.

Чӣ тавре ки Абдуқаюми Қаюмзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар қарор зикр мегардад, ки аризаи даъвогӣ оид ба барқарор кардан дар вазифаи пешина дар радио неметавонад қонеъ карда шавад, зеро Вазорати корҳои хориҷӣ муҳлати аккредитатсияро дароз намекунад ва дар ин ҳолат радиои гунаҳкор шуморида намешавад.

Худи Қаюмзод бо қарори суд розӣ нест, зеро бар ин назар аст, ки маҳз бо сабаби хунукназарии собиқ корфармояш нисбат ба риояи қонунгузории ҷумҳурӣ, ВКХ дароз кардани муҳлати аккредитатсияи журналистро рад намудааст.

«Бинобар ин, ман ҳатман ба зинаи таҷдиди назар шикоят хоҳам бурд, ҳарчанд боварӣ надорам, ки дар суди шаҳрӣ аризаи даъвогии маро қонеъ созанд», - қайд кард рӯзноманигор.

Ба қавли Қаюмзода, аз ҷониби суд ҳамчунин як таъинот содир шуда, дар он зикр мегардад, ки дар фаъолияти радио дар қаламрави Тоҷикистон қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари кории радиои «Озодӣ» дар Тоҷикистон Хуршеди Ҳамдам дар ин робита изҳор намуд, ки дар таъиноти судии ба онҳо расида гуфта мешавад, ки дар самти риояи қонунгузории амалкунандаи кишвар радио бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳамчунин дар ин маврид чораҳо андешад ва дар ин хусус дар муддати як моҳ ба ВКХ хабар диҳад.

Дар посух ба саволи хабарнигори ОИ»Азия-Плюс» дар бораи маҳз кадом чораҳо ва вобаста будани он ба масъалаи дароз нашудани муҳлати аккредитатсияи Қаюмзод, роҳбари дафтари кории радио изҳор намуд, ки ӯ худ мушаххасан намедонад, ки дар таъиноти суд чӣ дар назар дошта шудааст. Х.Ҳамдам илова кард, ки рӯзҳои наздик адвокати радио қарор ва таъиноти судро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, сипас дар ин бора метавон мушаххасан ҳарф зад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми апрели соли равон адвокати журналист Файзинисо Воҳидова нисбат ба радиои «Озодӣ» дар мавриди ба ҷойи кори пештара барқарор намудани А.Қаюмзод  ва рӯёнидани маблағи музди меҳнаташ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод кард.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрели соли ҷорӣ ҷомеаи журналистии кишвар ба хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» то замони тариқи суд ҳаллу фасл шудани масъалаи дар ҷойи кори пештарааш барқарор кардани хабарнигори ин радио Абдуқаюми Қаюмзод таҳрим эълон кард. Зери изҳороти эълони таҳрим ба радиои «Озодӣ» Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд.

Санаи 18-уми апрели соли равон дар мурофиаи судӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои журналист нисбат ба собиқ корфармои худ – радиои «Озодӣ» қонеъ нашуд.