Дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд дар 6 нафар аломатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ошкор шудаанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардухтури пойгоҳи санитариву эпидемиологии вилояти Суғд Насибҷон Икромов ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки дарвоқеъ ҳам дар 2 нафар сокинони ноҳияи Айнӣ ва 4 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аломатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор гардида, беморони ноҳияи Панҷакент дар худи ноҳия ва беморон аз ноҳияи Айнӣ ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд оварда шудаанд.

Сарчашмаи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳайвоноти хонагӣ (шутур, хук, гов, асп, гӯсфанд ва бузҳо) мебошанд. Сироятпазирӣ ҳангоми нигоҳубини онҳо ва коркарди гӯшт ва ҳамчунин алоқа бо пӯсту пашми онҳо сурат мегирад. Ангезандаи беморӣ метавонад хамчунин аз хок, тавассути захмҳои пӯст, исеъмоли ғизои сироятёфта ё нафасгирии чанги зарардида ба организми инсон ворид гардад.

Аломатҳои беморӣ дар тағйирёбии пӯст дар қисмати сироятёфта зоҳир мегардад, ки он аввал сурхчаву доғдор шуда, сипас дар ҷойи он варам пайдо мешавад. Минбаъд ин варам ба захму яра мубаддал мегардад. Ҳамаи ин тағйирот дар муддати якчанд соат сурат мегиранд.