Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» падару модарони хонандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт аз он шикоят карданд, ки дар мактабҳо барои иҷораи солонаи як китоби дарсӣ аз 12 то 20 сомонӣ тақозо мекунанд.
Яке аз онҳо иброз дошт, ки барои иҷораи тамоми китобҳои дарсӣ ӯ беш аз 120 сомонӣ маблағ супоридааст. «Барои иҷораи китобҳои нав 15 сомонӣ ва китобҳои дарсии қаблан мавриди истифода қарордошта 13-14 сомонӣ маблағ супурдем», - гуфт яке аз волидон.
Волидони дигар изҳор намуданд, ки омӯзгорон китобҳои дарсиро ба маблағи 16-20 сомонӣ мефрӯшанд.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба директори маркази табъу нашри Вазорати маорифи Тоҷикистон Комил Исоев муроҷиат намудем. «Мактабҳо ба фурӯши китобҳои дарсӣ ба хонандагони худ ҳуқуқ надоранд. Дар чор ноҳияи пойтахт Вазорати маориф нуқтаҳои фурӯши китобҳои дарсӣ дорад, ки хоҳишмандон метавонанд аз он ҷо китоб дастрас намоянд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Исоев, вазорат ба мактабҳо китобро ба муҳлати се сол ба иҷора медиҳад. «Соли аввал 34% ва соли дуюму сеюм 33%-и арзиши китоб пардохт мегардад. Масалан, агар китоби дарсии забони тоҷикӣ 8,14 сомонӣ арзиш дошта бошад, маблағи соли аввали иҷора 2,77 сомонӣ ва солҳои дуюму сеюм 2,69 сомониро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Намояндаи Вазорати маориф ҳамчунин зикр кард, ки бо гузашти се сол китоби дарсӣ пурра ба моликияти мактаб мегузарад, вале дар соли сеюми истифода раҳбарияти мактаб метавонад то 50% арзиши иҷораро боло барад, ки ин маблағҳо барои китобхона, афзудани маоши омӯзгорон ва таъмини кӯдакони оилаҳои камбизоат бо китобҳои дарсӣ истифода мешаванд.
Исоев ба волидайни толибилмон тавсия дод, ки бо мавод аз 16-уми август дар ҳафтавори «Омӯзгор» дар бораи нархҳои китобҳои дарсии тозанашршуда шинос шаванд. «Аз ҳама дархост мекунем, ки дар сурати маввҷуд будани далелҳои тақозои ғайриқонунии маблағ барои китобҳои дарсӣ дар мактабҳо ба Вазорати маориф ё Раёсати маорифи ноҳияҳо муроҷиат кунанд», - афзуд номбурда.
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
В Госдуме РФ предложили обязать мигрантов проходить повторный медосмотр
Куда в Таджикистане уходят деньги, собранные на автоутиль?
Общие доходы блогеров в Таджикистане в 2024 году оценили в $2,5 млн
В Душанбе пройдёт международный конгресс по хирургии
Первый вице-президент ИРИ: «Экономики Ирана и Таджикистана могут эффективно дополнять друг друга»
Эксперты ООН: в Афганистане базируется более 20 террористических групп
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста