Журналисти тоҷик Абдуқайюми Қаюмзод, ки ба иллати бемории дил ва роҳҳои нафаскашӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт, аз бемористон рухсатӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист Шедфар Самадов хабар дод, айни замон вазъи солимии Қаюмзод хубтар буда, ӯро лозим аст, ки чанд муддати дигар реҷаи бистариро риоя намояд. «Мо ба ӯ истеъхмоли ҳабҳои заруриро тавсия додем», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми феврал журналисти тоҷик Абдуқаюми Қаюмзод ба иллати бемории дил ва мушкил шудани нафаскашӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсионӣ)-и Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 Абдуқаюми Қаюмзод ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шарафёб гардид. Худи ҳамон сол хафтаномаҳои «Фараж» ва «Нигоҳ» ӯро журанлистон беҳтарини сол эълон карданд. Соли 1995 ӯ бо ҷоизаи Хеллман ва Хеммет барои ҷонибдорӣ ба озодии баён ва соли 2010 дар чорабиниии сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба мукофоти «Барои ҷасорати журналистӣ» сазовор дониста шуд. Миёни хонандагон ӯ бо мусоҳибаҳои пурмуҳтавояш бо афроди шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон маъруф аст.
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста