- Таҷҳизот барои шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки муддати зиёда аз як сол дар анбори терминали гумрукии Душанбе қарор дошт, ба студия интиқол ёфта, вале то ҳанӯз мушкилоти пардохти боҷи гумрукӣ барои он ҳалношуда боқӣ монд, - гуфтанд дар намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон.
Дар хадамоти гумрук дар ин робита зикр карданд, ки таҷҳизот то ҳол дар анбор аст ва то замони пардохти боҷи гумрукӣ дар он ҷо нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки Эрон барои таъсиси шабакаи телевизиони муштараки форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон аз Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 2 млн. евро таҷҳизоти телевизионӣ овард. Ин таҷҳизот муддати зиёда аз як сол аст, ки дар анбори терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, зеро Эрон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунадаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад. Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи хадамоти матбуоти сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Аҳмад Асғарӣ хабар дод, таҷҳизотро аллакай ба студия интиқол додаанд, вале дар он ҷо ҳам он нокушода боқӣ мондааст. «Таҷҳизот барои шабакаи телевизионии «Наврӯз» ба таври истисно ба студия интиқол дода шуд, то ки дар анбори хадамоти гумрук ҷойи зиёдатиро ишғол накунад, вале ин маънои онро надорад, ки он аз зери назорати Хадамоти гумрук берун шуд. То ҳол оид ба масъалаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани ин таҷҳизот бо мақомоти дахлдор гуфтушуниде сурат нагирифтааст», - иброз дошт намояндаи сафорат.
Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти гумрук ба «Азия-Плюс» зикр намуданд, ки «дар ин масъала ҳеҷ пешравие ба мушоҳида нарасида», бинобар сабаби пардохт нашудани боҷи гумрукӣ, таҷҳизот то ҳанӯз дар анбори гумрук нигаҳдорӣ мешавад.
Мутобиқи моддаи 321-и Кодекси гумруки ҶТ, агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот, ҳатмӣ аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон Тоҷикистону Эрон талаботи Афғонистонро ба инобат нагирифтаанд. Афғонистон то ҳанӯз исрор меварзад, ки шабакаи телевизионӣ бояд бо забони пашту низ барномаҳо пахш намояд, зеро қисмати аксари аҳолии ин кишвар бо забони пашту гуфтугӯ мекунанд.
Қаблан намояндагони сафортхонаи Эрон дар Тоҷикистон изҳор карда буданд, ки доимо мавқуф гузоштани оғози пахши барномахои шабакаи телевизиони мазкур ба мавқеи раҳбарияти Афғонистон марбут аст. Афғонистон ба истилоҳи «форсизабонон» дар номгузории шабакаи телевизионӣ розӣ нест, зеро акасри аҳолии Афғонистонро паштузабонон ташкил дода, форсӣ барои онҳо забони модарӣ маҳсуб намеёбад.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба масъалаҳое чун таҳияи барномаҳо ва намуди зоҳирии шореҳони барномаҳои телевизионӣ тавофуқ ҳосил карда наметавонанд. Эрону Афғонистон давлатҳои исломӣ, вале Тоҷикистон кишвари дунявӣ буда, дар шабакаҳои телевизионии Эрону Афғонистон намоиши занон бидуни ҳиҷоб манъ аст.
Зимни нишасти хабарии нимаи аввали соли 2013 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар ин робита изҳор намуда буд , ки оянда масъалаи таъсиси шабакаи телевизиони муштаракаи форсизабонон – «Наврӯз» дар ниҳояти кор роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, аммо масъалаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ то ҳанӯз номаълум аст.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста