Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар бораи далелҳои монеъагузорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба журналистон дар дастрас кардани маълумот аз макони офатҳои табиӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Бахши мониторинги АМВАОМТ, санаи 12-13 апрел бар асари боришоти шадид, ба деҳаи Одинабойӣ, ҷамоати Саричашма сел фаромада, боиси марги 13 нафар гашт. Аммо барои дастрасии иттилоот ва ҳузури кормандони васоити ахбори омма дар ҷойи ҳодиса монеа эҷод шудааст ва журналистон натавонистанд ба таври возеҳ ҳодисаро шарҳ диҳанд. Дар пайи эҷоди мушкилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти полис барои ворид шудани хабарнигорон ба маҳалли офати табиӣ дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, як қатор хабарнигорон тариқи телефон ба Бахши мониторингии Анҷуман хабар додаанд.
Маҳмудҷон Раҳматов, хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб аз эҷоди маҳдудият ва таҳдидҳои Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Раёсати корхои дохилии минтақаи Кӯлоб, муовини ӯ Ҳабибулло Сафаров, хамчунин, муовини сардори Шӯъбаи корхои дохилии ноҳияи Шӯрообод Тоҷиддин Саидов қисса кардааст.
Бино ба иттилои М.Раҳматов тақрибан пас аз як ҳафтаи фаромадани ярч дар Одинабойӣ иддае аз хабарнигорон ба ҷамоати Саричашма, ки шахсони зарардида ба мактабинтернати ин ҷамоат кӯчонида шуда буданд, бо мақсади сӯҳбат бо зарардидагон сафар мекунанд. «Ман бо ҳуҷҷат ва камераи наворбардорӣ барои Радиои Озодӣ рафта будам. Он ҷо махсус пост (дидбонгоҳ) ташкил карда шуда буд, ки бо амри А.Искандаров моро он ҷо гузаштан намемонданд. Ниҳоят маҷбур шудем бо роҳи пинҳонӣ ба наздихаймаҳо равем. Ҳоло корро сар накарда, як қатор кормандони полис расида омаданд, чун шумораашон зиёд буд, мо иқрор шудем, ки журналист ҳастем. Моро гирифта ба ситоди полис, ки он ҷо Искандаров менишаст, бурданд. Диктофонҳоямонро кашида гирифта, ба кофтани он даромаданд. Ман чанд маротиба даъво кардам, ки онҳо ба кофтани таҷҳизоти мо ҳақ надоранд. Яке аз он кормандон телефони шахсиамро гирон карда кофт, чун мо талоши зиёд кардем, онҳо натавонистанд чизеро аз он пок созанд. Танҳо пас аз 10-15 дақиқаи бозпурсӣ таҷҳизотамонро баргардониданд. Моро таҳқир карданд ва гӯё мо иғвогарӣ омада бошем, “ин ҷоро Украина карда наметавонед” гӯён моро бо амри Искандаров аз он ҷо берун карданд. Ҳатто кормандони ОМОН бо яроқ болои сари одамони зарардида меистоданд».
Билоли Шамс, хабарнигори минтақавии “Азия Плюс” дар сӯҳбати телефонӣ бо АМВАОМТ гуфтааст, ки ба ҷойи фаъолона маълумот расонидан дар вазъияти фавқулодда, Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда телефонҳояшонро хомӯш кардаанд. Бино ба гуфтаҳои ӯхабарнигор тавонистааст худи шаби рух додани ҳодиса ба Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тамос гирифта маълумот гирад, вале аллакай рӯзи дигар кулли телефонхои ин ниҳод хомӯш шуда буданд.
Билоли Шамс дар масъалаи монеа эҷод кардани мақомоти маҳаллӣ ва полиси минтақавӣ барои ҳамсӯҳбат шудан бо зарардидагони офати табиӣ гуфтааст, ки Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод, Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақа, ҳамчунин намояндаи Шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии минтақавӣва сардори Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа Рамазон Неъматов садди роҳи журналистон шудаанд. Ба қавли рӯзноманигор раиси ноҳия ба журналистон гуфтааст, ки айни ҳол вақти бо мардум сӯҳбат кардан нест, зеро «ҳозир ба пеши мардум меравед, онҳо суханони пасту баланд мегӯянд», яъне ба қавли хабарнигор онҳо аз шикояту норозигии мардум ҳарос доштанд.
Хабарнигорони нашрияҳои «Пайк», «ИмрӯзNews» ва радиои «Имрӯз» низ бо ҳамин мушкилот ба Анҷуман муроҷиат кардаанд.Бино ба маълумоти АМВАОМТ, ин бори аввал нест, ки Раёсати корҳои дохилии минтақавӣ бо роҳбарии А.Искандаров монеи фаъолияти журналистон дар ҳолатҳои фавқулодда мегардад.
«Далели монеъаэҷодкунӣ ба журналистон ҳангоми инъикоси ҳодисаи офати табиӣ дар деҳаи Одинабойи ноҳияи Шӯроободро як корманди ВАО-и давлатӣ низ тасдиқ кард. Рӯзноманигорони дар боло зикршуда (М.Раҳматов ва Б.Шамс) гуфтаҳои худро зимни вохӯрии шахсӣ бо раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев тасдиқ карданд. Кӯшишҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба маълумот ҳангоми ҳодисаи селфароӣ дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон низ ҷой доштанд. Ба туфайли талош ва исрори журналистон муяяссар гардид, ки ҳуқуқҳои онҳо поймол карда нашаванд», - хабар медиҳад АМВАОМТ.
Дар ин робита Анҷуман аз Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ёдовар мешавад, ки дар он муқаррар шудааст, ки ҳар як нафар журналист бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад (моддаи 28).
Илова бар ин, дар асоси моддаи 5, банди 2 «б»-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад: дар бораи ҳолатҳои фавқулодда (ҳодисот, фалокат, офатҳои таббиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгўиҳои расмии онҳо (05.06.2008).
Қонуни ҶТ “Дар бораи сирри давлатӣ” дар моддаи 6 рӯйхати маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ маҳсуб дониста намешавад муайян кардааст ва дар асоси он иттилоот оид ба офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, ки ба бехатарии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва онҳо рўй додаанд ё рўй доданашон мумкин аст, сирри давлатӣ маҳсуб намешавад ва набояд дастрасӣ ба чунин маълумот маҳдуд карда шавад (қонун аз 30.07.2007 № 288, аз 25.03.2011 № 690).
Аз ин рӯ, АМВАОМТ тавсия медиҳад, ки дар сурати нақзи ҳуқуқи журналистон онҳо бояд аз меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ва дигар қонунҳои ҶТ истифода намоянд. Ҳангоми дучор шудан ба маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мансабдорони мақомоти давлатӣ бояд дар асоси қонунгузорӣ ба мақомоти болоӣ шикоят баранд.
Гуфта мешавад, журналистон бояд дар татбиқи меёърҳои ҳуқуқӣ собитқадам бошанд ва дар суръати нақзи ҳуқуқҳояшон ба таври фаврӣ ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва дифоъ аз ҳуқуқи башар муроҷиат намоянд.
«Мақомоти қудратӣ набояд барои таъмини суботу амнияти сокинони маҳалли офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи ҳуқуқи журналистон роҳ диҳанд. Кормандони мақомоти қудратӣ ба омӯзиши меъёрҳои қонунгузорӣ дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда фаро гирифта шаванд», - тавсия медиҳад АМВАОМТ.
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста