Дар Тоҷикистон акнун ҳатто нони хушкшуда (сухарики), вафли ва донаи офтобпараст (семечки) ҳам таҳти тамғаи «Ҳалол» истеҳсол карда мешаванд. Агентии «Тоҷикстнадарт» ба корхонаҳои «Тоҷснек» ва «Маколли», ки ба истеҳсоли ин навъи маҳсулот машғуланд, сертификати меъёри «Ҳалол» супурд.
Муовини сардори Раёсати стандартикунонии Агентӣ Тоҳир Одинаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 14 корхона ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шудаанд. «Дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ инҳо – корхонаҳои «Тоҷснек», «Маколли», «Покиза Н» ва коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиби «Амирӣ», «Азиза» ва Баҳор» мебошанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, дар қаламрави вилояти Суғд ба корхонахои «Файзи Расул» (танҳо ба маснӯоти гӯштӣ), «Темуриён» (маснӯоти ҳасибӣ), «Фархунда» (тушбера, барак) ва коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиби «Дадабоев», «Маҳмудов», «Зарифов» ва «Азизӣ» сертификати меъёри «Ҳалол» супурда шудааст.
Тоҳир Одинаев ҳамчунин гуфт, дар вилояти Хатлон танҳо корхонаи истеҳсоли маснӯоти гӯштии «Салимҷон» ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб аст. «Айни замон барои гирифтани сертификати «Ҳалол» ба мо 5 дархост ворид шуд ва феълан мутахассисони мо мутобиқати ин корхонаҳо ба меъёри «Ҳалол»-ро меомӯзанд», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки шакли тоҷикии иҷозатномаи «Ҳалол» бо се забон – тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ навиштаҷот дорад.
«Ҳалол» барои мусалмонон тамғае мебошад, ки истеҳсоли маҳсулот бо риояи анъанаҳои мусалмониро тасдиқ мекунад. Ин маҳсулот таркибҳои манъшудаи истифодаи он дар ғизои мусалмононро надорад.
Дар паҳнои ИДМ меъёри «Ҳалол» аллакай амал мекунад. Моҳи апрели соли 2014 Иттиҳоди АвруОсиёии стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии «Ҳалол» бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти дахлдори Русия, Қазоқистон ва Беларус шомил гардиданд.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста