Аввалин доктори илмҳои тиб дар вилояти Хатлон рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Чуноне муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Матлуба Шоназарова ба «Азия-Плюс» хабар дод, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқ сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҷарроҳ Файзалӣ Назаров рӯзи 9 октябр рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои тиббиву иҷтимоии эндохирургия дар ҶТ ва дурнамои рушди он дар шароитҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ» дифоъ кардааст.

«Бояд гуфт, Файзалӣ Назаров аввалин табибест, ки дар вилояти Хатлон ба ҳимояи рисолаи докториаш дар соҳаи тандурустии вилоят  даст ёфтааст. Айни замон боз ду нафар табибони вилоят,  сармутахассисӣ раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, номзади илмҳои тиб Шералӣ Ҳодиев ва духтури бемориҳои занонаи  шуъбаи таваллуди ҳамин  беморхона номзади илмҳои тиб Хуршеда Сабурова рисолаи доктории хешро омода карда истодаанд ва дар назар аст, ки соли 2015 онро ҳимоя кунанд», - изҳор дошт хонум Шоназарова.

Зимнан зикр гардид, ки дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон айни замон 19 номзадҳои илм фаъолият доранд ва 4 нафар табибони дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадии худ мебошанд.