Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як мақола дар нашрияи “Ҷумҳурият” аз афзоиши фоизи никоҳҳои бекоршуда нисбат ба теъдоди умумии никоҳҳои басташуда изҳори нигаронӣ кардааст.
Хидирзода азҳампошии оилаҳоро дар паёмадҳои вазнини иҷтимоӣ дониста навиштааст: пеш аз ҳама, кӯдакон зарбаи сахти равонӣ дида, дар муҳити нопурраи оилавӣ мемонанд, ки чунин муҳит хоҳу нохоҳ таъсири манфии худро ба онҳо мерасонад. Сарсонии занон ва бе ҷойи зисту воситаҳо барои рӯзгузаронӣ мондани онҳо тарафи дигари масъала аст, ки боиси даст ба дигар ҳолатҳои номатлуб задани онҳо мегарданд”.
“Таҳлили вазъ дар ин раванд нишон медиҳад, ки вайроншавии оилаҳо аз соли 2010 то имрӯз тамоюли болоравӣ дорад”, навиштааст, раиси кумита.
Ҳамчунин зимни як тадқиқот кумита муайян кардааст, ки дар бисёр ҳолат бетарафии атрофиён, сари вақт кӯмаку маслиҳат надодан боиси вайроншавии оилаҳо гаштааст: “Масалан, дар ҷавоб ба саволе, ки оё талоқ ягона роҳи халос буд, 34,5% ҷавоби мусбат дода, 59,5% пурсишшудагон ҷавоби манфӣ доданд”.
Ӯ навиштааст, ки тадқиқот нишон дод, ки онҳо дар сари қаҳру ғазаб ин тасмимро гирифтаанд ва баъд пушаймон шудаанд.
“Раванди муҳоҷират низ таъсири худро ба пойдории оила расонидааст. Пайдошавии талоқҳои телефонӣ, солҳои дароз бе дастгирии молиявӣ гузоштани оилаҳои худ аз ҷониби мардон ва саркашӣ аз пардохти алимент баъди бекор кардани ақди никоҳ мушкилиҳое мебошанд, ки солҳои охир зиёд ба чашм мерасанд”, навиштааст Хидирзода.
Мақолаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хонавода - мабдаи ташаккули инсон”, ки аввали моҳи феврал дар нашрияи “Ҷумҳурият” ба чоп расид, дар робита ба аз ҷониби Президент эълон шудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» таҳия шудааст.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста