Чоргоникҳое, ки рӯзи 22 май дар таваллудхонаи №1-и пойтахт сокини шаҳри Панҷакент Субҳия Норинова ба дунё овард, зинда намонданд.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки як писару се духтарча ноқис (чала) ба дунё омада, барои зинда мондан имкон надоштанд.

«Онҳо хеле камвазн ба дунё омада, тифли якум - 1 кг 110 грамм, дуюм - 1 кг 340 грамм, сеюм - 1 кг 100 грамм ва чорум - 1 кг 150 грамм вазн доштанд», - гуфт Ш.Раҳматуллоев.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ қайд кард, ки чоргоникҳои рӯзи 4 феврали соли равон дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушода дар оилаи сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон Гулшан Маҷнунова худро хеле хуб ҳис мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тавалуди чоргоникҳо дар Тоҷикистон аҳёнан рух дода, дар гузашта аксаран сегоникҳо таваллуд шудаанд. Дар робита ба таваллуди чоргоникҳо президенти Тоҷикистон ба оилаи Гулшан Маҷнунова манзили сеҳуҷрагӣ ҳадя намуд.