Дар вилояти Хатлон 162 мағозаи махсуси фурӯши сарулибоси динӣ барои занон баста шуданд.

Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин мағозаҳо ба фурӯши сарулибоси занонае машғул буданд, ки «ба расму оинҳои миллии мо мувофиқат намекард» ва соли гузашта фаъолияти онҳо қатъ карда шуд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки зимни баргузор намудани корҳои таблиғотӣ миёни занон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 6 ҳазору 673 нафар занону духтарон аз пӯшидани сатр ва дигар сарулибоси бегона барои тоҷикон даст кашиданд.

«Соли 2015 мо 89 нафар занони сатрпӯшро ошкор кардем, ки ба фоҳишагарӣ машғул буданд», - гуфт сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон.

Номбурда ба журналистон ҳамзамон иттилоъ дод, ки раҳбарияти Раёсати ВКД-и вилоят ва воҳидҳои он ҳамроҳ бо ҳукуматҳои маҳаллии шахру навоҳӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти расму оинҳои миллӣ дар масъалаи ба бар кардани сарулибоси занона чорабиниҳои гуногун мегузаронанд.