Пагоҳ, 16 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, чорабиниҳои ҷашнӣ соати 09-00-и субҳ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо оғози Ниммарафони VII байнулмилалии Душанбе оғоз мегарданд.

«Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардида, мақоми арзандаро касб кардааст. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик, чун анъана намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар давлатҳо ширкат меварзанд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки барои ғолибони ниммарафон ҳам миёни занон ва ҳам дар байни мардон, ки ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 11 ҳазору 790 сомонӣ барои ҷойи 6-ум то 27 ҳазору 510 сомонӣ барои ҷойи 1-ум мукофотпулиҳо тақдим карда мешаванд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Субҳи рӯзи 16 апрел дар боғҳои фарҳангу истироҳати Дӯстии халқҳо, Боғи Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскави пойтахт сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр баргузор шуда, дар Қасри теннис соати 11-00 мусобиқаи теннисбозон барои дарёфти Ҷоми шаҳр шурӯъ мешавад.

Дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маҷлиси тантанавӣ доир гардида, ғолибони озмунҳои ба ин муносибат эълоншуда ва ғолибони ниммарафон бо мукофотпуливу туҳфаҳои мақомоти шаҳрӣ қадрдонӣ мешаванд.

Шомгоҳони ҳамин рӯз дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод Рӯдакӣ консерти идонаи устодони санъати ҷумҳурӣ барпо мешавад.