Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолӣ боисрор тавсия медиҳад, ки давоми рӯзҳои аз 9 то 12 июн гаштугузор дар берун ва иҷрои корҳои ҷисмониро камтар кунанд, чунки дар ин рӯзҳо обуҳавошиносон то 38 дараҷа гарм шудани ҳароратро пешгӯӣ мекунанд.

Мутобиқи тавсияҳои Кумита, зимни дар дохили бино қарор доштан, шамолрав будани онҳоро таъмин намуда, тирезаҳоро мебояд боз дошт ва мувофиқи имконият, иловатан таҷҳизоти ҳавосардкунро ба кор овардан зарур аст.

Ҳангоми гаштугузор дар кӯча ба бар кардани сарулибоси сабук аз матоъҳои аслӣ (ғайрисунъӣ) бо гиребони кушод, истифода аз ягон навъи сарпӯш (кулоҳ), айнакҳои аз шуъои офтоб ҳимоякунанда ва чатрҳо тавсия дода мешавад.

Барои пешгирии беоб мондани ҷисм истеъмоли миқдори зиёди моеъҳо  ва худдорӣ варзидан аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва моеъҳои таркибашон дорои миқдори зиёди қанд ва ҳамчунин нӯшокиҳои энергетикиву машрубот тавсия мешавад.

Ҳамчунин Кумита тавсия медиҳад, ки ҳаракат ва равуо бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ низ мувофиқи имкон маҳдуд шуда, аз онҳо вақти субҳ ё шомгоҳон, замони поинравии ҳарорат истифода карда шавад.

Қайд мешавад, ки зимни ба мағозаву кинотеатр ва дигар иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ рафтан, ба иншооти дорои таҷҳизоти ҳавософкун афзалият дода шавад.

Кумита ба волидон боисрор тавсия медиҳад, ки кӯдаконро дар дохили нақлиёте, ки дар таваққуфгоҳҳо гузошта мешаванд, бидуни назорат нагузоранд.

Ҳамчунин ба иттилои АМИТ «Ховар» , Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон  сокинонро аз пайомадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо  ҳушдор дода, маслиҳат медиҳад, ки  дар рӯзҳои гарм, бахусус дар соатҳои аз 11 то 17-и рӯз аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз сафар кардан тавассути  минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.