Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли равон ва таслиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумита баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масоили марбут ба пешгирии тақлидкории занон ба фарҳанги бегона, гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба пӯшидани сатру ҳиҷоб, ташкили вохӯриҳои судманд дар байни аҳолӣ ва дар байни занону духтарон, пурзӯр намудани корбарии усули «Хона ба хона» ҷиҳати пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар омилҳои номатлуб, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, худкушиву худсӯзӣ дар байни занон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, баъди анҷоми кори ҷаласа бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, пешгирии ҳурофотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон, раиси Кумита Идигул Қосимзода ҳамроҳи кормандонаш ба Боғи фароғатии Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Душанбе рафта, бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зикр мегардад, ки зимни суҳбат бо роҳгузарон оид ба масъалаҳои арҷ гузоштан ба анъана ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватанпарсастӣ суҳбатҳо сурат гирифта, дар раванди суҳбат занон низ моҳияти либоси миллиро дарк намудаанд.