Партовгоҳи шаҳри Душанбе 11 километр дуртар аз пойтахт воқеъ аст. Дар наздикии партовгоҳ аз соли 2007 манзилҳои зист сохта шуда, сарфи назар аз вазъи номусоиди он, одамон дар он пластика, металл ва дигар маводҳоро ҷамъоварӣ мекунанд, ки онҳоро метавон барои коркард супурд.

Дар бораи партовгоҳи пойтахт мо чандин бор мавод интишор намуда будем . Муддати солҳо мансабдорони масъул изҳор дошта буданд, ки партовгоҳ ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад, зеро чунин ҷойҳо на зиёдтар аз 20 сол мавҷуд буда метавонанд, вале ин партовгоҳ аллакай мудлдати 38 сол аст, ки амал мекунад.