Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) дар бораи аз сафҳои Иттифоқ хориҷ кардани 26 узви сатҳи касбиашон шубҳанок қарор қабул кард.

Раиси Иттифоқ Низом Қосим ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, дар самти иҷрои қарори ҳукумат дар бораи омӯзиши сатҳи касбии аъзои иттиҳоди нависандагон чунин тасмим гирифта шудааст.

Ӯ қайд кард, ки барои муайян кардани сатҳи касбии аъзои Иттифоқ комиссияи махсуси иборат аз адабиётшиносони маъруфи ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст.

Бо қарори ҷаласаи Раёсати ИНТ Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович), Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ  Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов аз сафҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд.

Тибқи маълумоте, ки «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад, миёни аз сафҳои ИНТ хориҷшудагон собиқ раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев ва собиқ вазири маҳсулоти нонии Тоҷикистон Дӯстмурод Ӯроқов ҳузур доранд.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои ошкор сохтани аъзои «ноқобил»-у «белаёқат»-и Иттифоқи нависандагон идома дорад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, илова ба ин, раҳбарияти Иттифоқи нависандагон “мораторияи якунимсолаи” қабули аъзо ба ин созмони эҷодиро ҷорӣ кардааст.