Дар доираи амалисозии лоиҳаи Renegades 2016 бори нахуст мусалмондухтари ҳиҷобпӯш барои маҷаллаи Playboy аксбардорӣ кард.

The Mashable менависад, ҷавонзани 22-солаи рӯзноманигор Нур Тагурӣ ба ин васила ба ҷомеае, ки ба инсон чӣ гуна зиндагӣ карданро талқин мекунад, эътироз баён карданӣ шудааст.

Ба ҷуз аксбардорӣ, рӯзноманигор бо нашрия мусоҳибаи ошкоро ороста, доир ба масъалҳои хоксориву шармгинӣ, мушкилоти муассири журналистика, бадгумонӣ нисбати амрикоиҳои мусалмон дар вазъи ҳозираи сиёсӣ ва шикасти тамғаҳои аз ҷониби умум қабулшудаи ҷомеа изҳори назар кардааст.


Бино ба иттилои СNN, Нур Тагурӣ дар портали иттилоотии амрикоии Newsy ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошта, изҳор намудааст, ки хоҳиши ровии телевизион шуданро дорад, ки бори нахуст аз шабакаи телевизиони амрикоӣ бо ҳиҷоб дар барнома суханронӣ мекунад.


Силсилаи Renegades яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки дар саҳифаҳои Playboy баъди комилан дигаргун шудани консепсияи нашрия дар мавриди даст кашидан аз чопи аксҳои урёни моделҳо рӯйи кор омад. Лоиҳа ба намояндагони индустрияҳои гуногун бахшида шудааст, ки ба хонандагон нигоҳи тоза ба касби худро пешниҳод карда метавонанд.