Дар вилояти Суғд борон борида, дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда ва шамоли сахт дар назар аст.


Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо чангу ғубор фаро гирифт. Аз ширкатҳои ҳавопаймои ватанӣ иттилоъ доданд, ки ҳарчанд сатҳи возеҳиву аёнӣ ва биноӣ начандон хуб бошад ҳам, парвозҳо бо хатсайрҳо бо реҷаи муқаррарӣ сурат мегиранд.


Шамоили сахт чангу ғубор ва зарарҳои гарду ғуборро ба ҳаво мебардорад, ки барои роҳҳои нафаскашии инсон зарар доранд. Аз ин рӯ, даҳону биниро бо ниқоби маъмулӣ ё ниқоби докагӣ пӯшонидан, аз манфиат дур нест. Ҳамчунин айнак ҳам чашмонро муҳофиазт мекунад.

Бо вазъи обуҳавои имрӯза аз суроғаи зерин воқиф шуда метавонед.