Хонавайронӣ яке аз мушкилоти назарраси ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки бо эълони «Соли оила» низ ҳалли худро наёфтааст. Соҳибназарон дар баробари коҳиши маърифати оиладорӣ ва афзоиши дуруштию асабоният миёни мардум, буҳрони молиявиро ҳам омили таъсиргузор ба устувории хонаводаҳои кишвар медонанд.
Никоҳи бармаҳал, ё духтарам «пирдухтар» нашавад...
Яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи моро коршиносон зуд хонадор кардани ҷавонон арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи онҳо, аксари волидайн пас аз ба синни балоғат расидани духтар ё писар, сарфи назар аз омода набудани фарзанд ба ҳаёти мустақилона, ӯро иҷборан хонадор мекунанд.
Сокини 26-солаи пойтахт Гулноза (номи мустаор) мегӯяд, ки бо хости волидайнаш дар синни 18-солагӣ бо марди барояш ношинос издивоҷ кардааст. Ҳаёти оилавии ӯ ҳамагӣ ним сол ҷараён гирифтааст: «Ман аз аввал розӣ набудам, ки оиладор шавам, чунки ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда будам ва мехостам таҳсиламро давом диҳам. Вале пас аз никоҳ шавҳарам ҳамроҳи модараш ба ман шарт гузоштанд, ки ё таҳсилро интихоб кунам, ё шавҳарамро ва ман аз идомаи таҳсил даст кашидам. Пасон боз нофаҳмиҳои дигаре ба миён омаданд. Масалан, ман духтари шаҳраму онҳо деҳотӣ, фикру ақидаҳои мо ба ҳам мувофиқ наомаданд ва мо пас аз шаш моҳ ҷудо шудем».
Гулноза афзуд, ки бармаҳал шавҳар карданаш боиси хонавайронӣ шудааст: «Бигзор падару модарон гузоранд, ки духтаронашон таҳсилро идома диҳанд ва ба зиндагӣ омода бошанд, сипас онҳоро ба шавҳар диҳанд. Албатта, ҳар як ҷавондухтар мехоҳад, ки як бор шавҳар кунад ва ҳамроҳи ӯ то охири умр зиндагӣ карда, бадбахт нашавад. Ман пушаймонам, вале зиндагӣ идома дорад. Мехостам, ки оилаам пош нахӯрад ва соҳиби фарзанд гардам, чунки орзуи ҳар як гуларӯс ҳамин аст».
Ҷомеашинос Нозим Нурзода як омили пошхӯрии оилаҳоро омода набудани ҷавонон ба хонадорӣ арзёбӣ кард: «Насли ҷавон аз ҷиҳатҳои фикрӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ба хонадорӣ омода нестанд. Айб дар муҳити атроф ва хонаводаи онҳост. Оилае, ки муносибати бисёр зебо ва баланди инсонӣ дорад, намояндаи он бо муоширати рӯзмаррааш метавонад боиси пазириши дигар хонаводаҳо шавад. Ва агар муносибатҳо дар оила ҳамеша даргиру печидаву мураккаб бошанд, хоҳ нохоҳ ба берун таъсир карда метавонанд».
Низоъҳои хонаводагӣ: «Ё ман, ё занат!»
«Сабаби дигаре, ки ман аз оилаам ҷудо шудам, нофаҳмии байни ману хушдоманам буд. Ӯ баъдан писарашро ба муқобили ман омода кард. Маро азоби зиёд медоданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки ман аз лату кӯб дар беморхонаҳо хобидам», - мегӯяд Гулноза.
Мардоне ҳам дар ҷомеа ҳастанд, ки аз завҷаашон ҷудо шудаанду дар ин қазия ҳамсарашонро айбдор медонанд. Тавре як марди 35-солаи соҳиби се фарзанд гуфт, сабаби ҷудоии онҳо муносибати сарди занаш бо модараш будааст: «Оилаи мо аз он вайрон шуд, ки модарам касал асту камтар асабӣ мешавад. Ифлосиро бинад, бо келинаш ҷанг мекунад. Ин ҳол то ду сол давом ёфт: модарам талаб мекард, ки занамро сар диҳам, вале оилаи ман талаб мекард, ки биё равему аз модарат ҷудо шавем. Ман гуфтам, ки то додарам зан нагирад, аз модар ҷудо намешавем».
Ҷомеашинос Нозим Нурзода бар ин назар аст, ки бархӯрди хостаҳои хушдоману арӯс боиси низоъҳои хонаводагӣ мешавад: «Бадбинии арӯс аз ҷониби хушдоман ба хотири он аст, ки дуввумӣ писарашро аз даст медиҳад. Писаре, ки 18-20 сол ба воя расондааст, бегона мешавад, яъне як нафари дигар меояду ӯро ғасб мекунад. Ана ин андеша дар қолаби фикрии хушдоман нуҳуфтааст. Аммо дар қолаби фикрии арӯс андешаи дигар нуҳуфтааст, ки ин писарро бояд аз худ кунам. Ва домод дар як хонавода ба объекти хариду фурӯш табдил меёбад. Ин боис мешавад, то ин ду нафаре, ки дар як хонавода бояд бо ҳам решапайванд бошанду муносибатҳои модариву фарзандиро ба вуҷуд оваранд, ба ҳамдигар даргир мешаванд. Ин мушкил дар ҳамаи хонаводаҳо ҳаст, аз ҷумла, дар хонаводаҳои мо. Ва ҳамин қолаб ё стереотипи кӯҳнаи фарсудаю шахшуда метавонад асрҳои аср моро дучори даргириҳо ва мушкилоти хонаводагӣ кунад».
Дини Ислом талоқро ҳаром мешуморад ва амали волидайнеро, ки боиси хонавайронии фарзандон мешавад, маҳкум месозад. Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонон набояд ба хотири якравии волидайнашон аз ҳамсарони худ ҷудо шаванд: «Масалан, падару модар ба фарзанд шарт гузоранд, ки агар занатро сар надиҳӣ, мо туро оқ мекунем, оё оқи онҳо қабул мешавад ё не? Дини мубини Ислом мегӯяд, ки агар зан гуноҳ надорад ва мард занашро аз ин хотир талоқ надоду волидайнаш ӯро оқ карданд, дар ин ҳолат фарзанд оқ намешавад. Чунки ин ҷо дастури Аллоҳ болотар аз дастури падару модари мост, ки мегӯяд, занҳои бегуноҳро ҳеҷ вақт талоқ накунед».
Рашк ва хиёнат
Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳоро коршиносон дар рашк ва баъзан дар хиёнати зан ё мард мебинанд. Ба гуфтаи ҳолдонон, аксар вақт рашки беасос боиси низоъ ва ҷудошавии оилаҳо мешавад. Домулло Маҳмуд Сангалиев ин масъаларо аз нигоҳи динӣ чунин тавзеҳ дод: «Албатта, зиндагӣ бе рашк намешавад. Аммо рашке, ки марду занро ба марҳалаи талоқ меорад, ин рашк нест, нафрат аст. Бояд рашк то ҳадде бошад, ки муҳаббати зан ё мардро зинда кунад, на ин ки ба марҳалаи талоқ оварда расонад».
Домулло роҷеъ ба талоқи фосилавӣ афзуд: «Ҳозир бисёре аз ҷавонони мо дар муҳоҷират ҳастанд, ки як зане ё хоҳару апаи онҳо аз ин ҷо ба онҳо хабар медиҳад, ки ҳамсари ту бозор рафтаасту бо дигаре суҳбат кардааст, онҳо дарҳол ба марҳалаи талоқ роҳ медиҳанд. Ин аз тарбияти дини мубини Ислом нест, ин аз ахлоқи як инсони бофарҳангу ботамаддун ҳам нест. Бояд ӯ саросема нашуда, аз он ҷо биёяд, чунки ҳамсар дорад ва ақди никоҳ аст дар миёни онҳо ва аксарашон фарзанд доранд, ё бордор ҳам ҳастанд. Ва бояд омада, он чизро пайгирию тасдиқ кунад, баъдан метавонад ин корро кунад. Дар ғайри он ба воситаи хабари як инсон, ё тавассути смс-паём агар занашро талоқ кунад, ин гуноҳи кабира ва ҳаром асту аз нигоҳи дини мубини Ислом манъ аст».
Худпарастӣ ва якдигарнофаҳмӣ
Омилҳои дигари хонавайрониро коршиносон ба худпарастиву ҳамдигарнофаҳмии ҷавонон ва муқаддас надонистани оила рабт медиҳанд. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов мегӯяд: «Ҷавонон ва дигар хонадорон бо назардошти психологияи якдигар муносибат карданро намедонанд. Ё баъзан умуман психологияи якдигарро намедонанд. Агар фарз кардем, дар як оила даҳ нафар дар маҷмӯъ зиндагӣ кунанд, дар он даҳ фардияти такрорнашаванда ҳаст. Ва ин даҳ инсон муносибати ба худ хос ва фардиро мехоҳад. Ва ҳамаи онҳоро бо як адабчӯб наметавон тарбия кард. Яъне ҳар як шахс роҳи мақбул ва хоси худашро талаб мекунад. Агар мо бо назардошти фардияти ҳар як узви хонавода - чӣ хурдсолу чӣ калонсол - муносибат карданро ёд гирем, ин ба ҷудоӣ намебарад. Яъне дар хонавода ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон мешавад».
Ба андешаи ӯ, барои он ки ҷавонон ҳамдигарро хуб фаҳмида тавонанд, бояд бештар ба равоншиносон муроҷиат кунанд, то бо гирифтани маслиҳатҳои муфид садди пошхӯрии оилаи худ гарданд.
Мардум чӣ мегӯянд?
Барои фаҳмидани андешаи мардум оид ба сабабҳои ноустувории оила, мо дар кӯчаҳои пойтахт як пурсиши сарироҳӣ гузаронидем. Зимнан бархе агар омилҳои пошхӯрии оиларо дар мушкилоти иқтисодӣ ва ё баръакс дар «зиёд будани пулу моли шавҳар ва аз худ рафтани занҳо» донанд, баъзеи дигар омода набудани навхонадорон ба ҳаёти мустақилона ва сатҳи пасти саводнокии онҳоро заминаи аслии хонавайронӣ меҳисобанд. Ҳамдигарнофаҳмӣ, чун «ғуломи ҳалқабаргӯш» қабул кардани зан аз ҷониби мард, келинбадбинии хушдоман, дахолати хешовандон, рашк ва мушкилоти дигар низ баён шуданд.
Мақомот чӣ мекунанд?
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ барои муайянсозии сабабҳои оилавайронӣ як тадқиқоти сотсиологӣ дар байни аҳолӣ гузаронидааст. Натоиҷи пажӯҳишро корманди ин кумита Мадина Бобоева чунин шарҳ дод: «Вазъи пасти иқтисодии оилаҳо, ба ҳавою ҳавас ва чизу чора дода шудани бархе аз хушдоманҳо, ки ба келин зӯроварӣ мекунанд, гӯё ба хона ҷиҳози гаронбаҳо наовардааст, омода набудан ва сабру таҳаммул надоштани худи духтарон, боз ҳамон телефонҳои мобилӣ сабаб шуда метавонанд, ки оила пош хӯрад».
Бо мақсади паст кардани шумораи хонавайронӣ, Кумитаи мазкур усули хонабахонаро ба роҳ мондааст. Мадина Бобоева дар робита мегӯяд: «Мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиносону равоншиносон гурӯҳҳои алоҳида ташкил карда, бевосита ба оилаҳои осебпазир мераванд ва аз ҳоли аъзои онҳо огоҳ шуда, барои занон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Ҳамзамон кормандони мо дар ҳамдастӣ бо ВКД, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Вазорати маориф ва илми ҶТ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ суҳбату вохӯриҳоро байни аҳолӣ мегузаронанд».
Бино ба муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, бекор шудани ақди никоҳ дар зери ҳимояти давлат аст. Корманди Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ Ҷӯрахон Ғозиев дар тафсири ҳолатҳои ҷудошавии ҳамсарон чунин гуфт: «Масалан, зану шавҳаре, ки як ё зиёда аз он кӯдаки ноболиғ доранд, ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд, ки мо даъвои хонаву молумулкӣ надорем ва мехоҳем, то ақди никоҳи мо бе даъвои судӣ бекор карда шавад. Дар ин ҳолат, агар розигӣ дошта бошанд ҳам, акди никоҳ бояд дар мақомоти суд бекор карда шавад, чунки дар он ҷо ҳуқуқҳои молумулкии ҳам зан, ки ақди никоҳи давлатӣ дорад ва ҳам фарзандон ба инобат гирифта шуда, як ҳалнома ё санади судӣ тибқи қонун бароварда мешавад. Дар он манфиатҳои фарзандони ноболиғ ба инобат гирифта мешавад, ки тарбияти онҳо то даври ба балоғат расидан ба кӣ вогузор хоҳад шуд».
Ғозиев салоҳияти мақомоташро дар ҳолатҳои ҷудошавии ҳамсарон чунин арзёбӣ кард: «САҲШ низ метавонад дар алоҳидагӣ, бе ҳалномаи суд ақди никоҳро бекор кунад, агар зану шавҳар соҳиби фарзанди ноболиғ набошанду аризаи муштарак пешниҳод созанд. Инчунин дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон ва ё бе ному нишон гардидани яке аз онҳо, ё ғайри қобили амал донистану на камтар аз се сол аз озодӣ маҳрум шудани яке аз онҳо, бо аризаи яктарафа ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти САҲШ бекор карда мешавад».
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста