Ҳаракати байнулмилаллии зиддифасоди Transparency International натиҷаҳои таҳқиқоти глобалии  «Барометри коррупсияи ҷаҳонӣ» (Global Corruption Barometer)-ро ба нашр расонид, ки маротиба 9-ум гузаронида шуда, таҳқиқоти ахир соли 2013 чоп шуда буд.

Таҳқиқоти мазкур 42 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он бармеояд, ки ҳар як нафари сеюми сокини Аврупо ва Осиёи Марказӣ коррупсияро мушкили асосии кишвари худ мешуморад. Аз ҷумла, 18%-и пурсидашудагон дар Тоҷикистон, 47% - дар Қирғизистон, 37% - дар Қазоқистон ва 23% - дар Ӯзбекистон  коррупсияро яке аз мушкилоти умдатарин медонанд.

Ба савол доир ба моҳҳои ахир пора додан фоизи бештари овозҳои тасдиқкунанда дар Тоҷикистон ба даст омадааст, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистон - 38%, Қазоқистон - 29% ва Ӯзбекистон - 18% ба ин савол ҷавоби мусбат додаанд.

Таъкид мешавад, ки сабабҳои дар бораи ҳодисаҳои коррупсия хабар надоданро 17%%-и пурсидашудагон ба хатар доштани он, 16% - ба ҳеҷ маъное надоштани он, 14% - ба бовар надоштан ба имкони чизеро исбот кардан ва 11% - ба ҳарос доштан аз аэътирофи ҷалби худ ба амалҳои коррупсионӣ нисбат додаанд.