Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иброз дошт, ки Саттор Турсун аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар авҷи адабиёти муосири тоҷик дар солҳои 70-ум ба Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор омада, аз ҳамон сол то имрӯз дар қатори адибони бузурги тоҷик фаъолият кардааст.

«Дари адабиёт ҳамеша боз буда, ҳар нафаре метавонад бо кӯшише ба он ворид гардад. Вале дар адабиёт барои аз қадамҳои аввалин то 70- 80- солагӣ ҷой ва мавқеи худро нигоҳ доштан заҳматҳои зиёде лозим аст. Саттор Турсун низ умри хешро сарфи адабиёт кард ва ин маҳфил натиҷаи ҳамон заҳматҳо мебошад»,- зикр намуд Абдулҳамид Самадов.


Гуфта мешавад, Саттор Турсун иброз намудааст, ки «дар 6- солагӣ аз модар маҳрум монд. Эҳсоси бемодарӣ ва ғаму андӯҳ ӯро ворид кард, ки бисёр ҷустуҷӯ карда, китоб мутолиа намояд, вале боре андеша надошт, ки рӯзе қалам бар даст мегираду худ эҷод мекунад».