Соли гузашта аз дорухона ва бозорҳои Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор номгӯи воситаҳои дорувории тиббии барои саломатии инсон хатарнок аз фурӯш гирифта шудааст.
Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки соли сипаришуда Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ 1 ҳазору 470 корхонаҳои фармасевтӣ ва 200 муассисаҳои муолиҷавиро мавриди санҷиш қарор дода, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш фурӯши 1545 номгӯи доруворӣ ва маводи тиббӣ бо шумори 152,5 ҳазор дона манъ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, 685 номгӯӣ доруворӣ ва маводи тиббӣ (8,6 ҳазор дона) барои гузаштани муҳлати истифода ва 853 номгӯй (143,5 ҳазор дона) - барои мавҷуд набудани сертификати меъёри сифат аз фурӯш гирифта шуда, боз 7 номгӯи маводи доруворӣ (371 адад) тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.
«Соли гузашта дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 38 тонна доруворӣ ва маводи тиббии пастсифате, ки ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ набуданд, мусодира ва аз фурӯш гирифта шуданд», - афзуд муовини аввали вазир.