Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва муовинони раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабонарӯзӣ уҳдадор кард. Тамоми рақамҳои телефони робита бо ҷадвали навбатдорӣ дар торнамои расмии мақомоти шаҳрдорӣ - Dushanbe.tj нашр шудааст.

Навбатдории муовинони раиси пойтахт ва муовинони раиси ноҳияҳои шаҳр то 28 феврали соли 2017 идома меёбад.

Ин тадбир бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр,  зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон  дар мавсими зимистон андешида шудааст.

Барои ҳаллу фасли мушкилоти сокинони пойтахт, ки ба навбатдорон муроҷиат мекунанд, онҳо масъулияти шахсӣ доранд.

Раиси пойтахт ҳамчунин ба раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» низ бо дархости роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби кормандони масъул дар мавсими зимистон муроҷиат кардааст.








Эзоҳ: рӯзҳои бидуни ситорача - навбатдорӣ аз соати 19-и шом то 8-и субҳ, рӯзҳо бо 1 ситорача (*) - навбатдорӣ аз 8-и субҳ то 17-и шом, рӯзҳо бо 2 ситорача (**) - навбатдорӣ аз соати 17-и шом то 8-и субҳ.

Ҷадвали навбатдорӣ бо суроғаи - http://dushanbe.tj/img/jadval-zguzaroni17.doc низ қобили дарёфт аст.

Ёдрас мекунем, ки навбатдории шабонарӯзӣ барои кормандони зертобеъро моҳи ноябри соли гузашта собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷорӣ карда буд. Бо дастури собиқ раиси пойтахт, ин навбатдориҳо бояд то 26 марти соли 2017 идома меёфтанд.