Дар шаҳри Душанбе хотираи сиёсатмадори варзидаи тоҷик, марҳум Суҳроб Шарипов, ки 19 январи соли 2015 даргузашта буд, абадӣ гардонида шуд.


Яке аз кӯчаҳои пойтахт, ки номи Степан Шаумянро дошта, дар наздикиҳои фурудгоҳ воқеъ аст, ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд.

Ба ин муносибат маросими гузоштани лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарипов доир гардида, дар он муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, шоир Назрӣ Яздон, ҳамсари сиёсатмадору фарзандон , хешовандону наздикон ва дӯстони ӯ ҳузур доштанд.

«Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷавонони Тоҷикистон бояд бидонанд, ки барои чӣ кӯчаи Шаумян ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд. Шаумян ҳам 100 сол пеш мубориз ва инқилобчӣ буда, аз ҳукумати вақти худ ҳимоя мекард. Суҳроб дар замони худ ин нақшро мебозид», - иброз дошт Сайфулло Сафаров.