Бо ҳавопаймое, ки имрӯз аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуд, дар баробари ҳайати расмӣ ва рӯзноманигорони тоҷик боз 14 нафар мусофирон низ ба Тошканд сафар карданд.
Муддати 2-3 ҳафта ба аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд 14 адад билет фурӯхта шуд. Арзиши 1 билет ба 1 самт ҳудуди 140 долларро ташкил медиҳад. Миёни мусофирон шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳузур дошта, ҳар кадоме аз онҳо аз имкони хеле зуд ба нуқтаи таъинот расидан хушнудӣ изҳор мекунанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» мусофирзан Ҷамила Юсуфова аз хурсандӣ ашки чашмонашро нигоҳ дошта натавониста, изҳор намуд, ки баъди 25 сол ба зодгоҳаш азми сафар дорад.
«Ман дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, ҳанӯз замони шӯравӣ ҳамроҳ бо шавҳарам ба Тоҷикистон кӯчида будем ва муддати 25 сол имкон надоштам, ки ба аёдати хешовандону наздиконам равам, - мегӯяд ӯ. - Дар Тошканд маро бародару хоҳарам интизоранд, ки ман онҳоро чоряк аср надидаам».
Миёни мусофирон якчанд нафар ҷавононро низ дидан мумкин аст, ки ба Тошканд сафар доранд, зеро ин шаҳрро то ҳол боре ҳам надидаанд.
«Ин имкони хеле хубест, ки билохира аз шаҳри ҳамсояи наздиктаринамон низ боздид кунем, - иброз доштанд онҳо. - Мо ҳамту барои тамошои шаҳри Тошканд меравем».
Мусофир Маҳмадӣ Юсупов, ки аз шаҳри Тошканд ба Тоҷикистон тез-тез меояд, изҳор кард, ки «пештар барои ба Душанбе омадан 10 соат ва гоҳе зиёдтар ҳам аз он вақт сарф мешуд ва акнун бошад, ман баъди 45 дақиқа ба Тошканд мерасам».
Ёдрас мекунем, ки соати 10-и имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» баъди 25 соли таваққуф аз фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе ба самти пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд роҳ пеш гирифт. Ин парвози техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ хоҳад шуд.
Мусофирони ин ҳавопаймо асосан ҳайати сохторҳои авиатсионии Тоҷикистону буда, онҳо дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои расмиёти ифтитоҳи хатсайри мунтазам миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд.
Бо ин ҳавопаймо намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла хабарнигори «Азия-Плюс» низ ба Тошканд сафар мекунанд. Барои журналистон дар Тошканд барномаи сайругашт (экскурсия) дар шаҳр пешбинӣ шудааст.