Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори кишвар интихоб намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд.
Гуфта мешавад, рамзи мазкур аз ҷониби як зумра рассомони мамлакат омода шуда, минбаъд ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор истифода мешавад ва зиёиён метавонанд дар чорабиниҳои худ аз он истифода намоянд.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти сарвари давлат бо зиёиёни кишвар ҳамасола маъмулан дар остонаи ҷашни Наврӯз доир гардида, дар он масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва пешниҳодҳои нав оид ба беҳбуди вазъ дар бахшҳои илму маориф ва адабиёту фарҳанг баррасӣ мешаванд.