Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 тонна кумаки башардӯстона мефиристад.
Бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳукумати ин кишвар дар бораи расонидани кумаки башардӯстона ба сокинони минтақаҳои аз тармафароӣ осебдидаи Тоҷикистон, ки натанҳо ба хисороти иқтисодии зиёд, балки ба талафоти ҷонӣ низ боис гардид, қарор қабул кардааст.
Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба мардуми Тоҷикистон қариб 60 тоннаро ташкил дода, он аз маҳсулоти ғизойӣ, дорувории тиббӣ, масолеҳи сохтмон, ангишт, сарулибоси гарм ва дигар молу маҳсулоти ниёзи аввалия иборат аст.
Ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дастур дода шудааст, ки ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ташкилу таҳвил ва расонидани ин кумак ба Тоҷикистонро таъмин намояд.
«Тасмими Ӯзбекистон дар бораи расонидани кумаки башардӯстона боз як намунаи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва мардуми мост, ки ба дӯстии анъанавӣ ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст», - қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Ӯзбекистон.