Олимони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки истифодаи ҳарфи «Ц» дар навиштани номҳои шахсӣ, ба гунаи мисол номи сиёсатмадорону олимон ва арбобони ҷамъиятии рус ва хориҷӣ бекор карда шавад.

Мудири шуъбаи забони тоҷикии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан аз алифбои тоҷикӣ ҳарфи «ц»-ро» хориҷ карданд, чунки дар забони тоҷикӣ он умуман вуҷуд надошт.

Ҳарфҳои «ц», «щ», «ы» ва «ь», ки русӣ дониста мешуданд, аз алифбои тоҷикӣ ҳанӯз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта хориҷ шуда буданд.

Акнун олимон пешниҳод доранд, ки аз номҳои шахсон низ ин ҳарф гирифта шуда, масалан дар сурати қабули ин пешниҳод, Цукерберг ба забони тоҷикӣ - Сукерберг, Ельцин - Елсин, Цеткин - Сеткин навишта мешавад. Дар исмҳои ҷинс ин ҳарф иваз шудааст, ба мисли семент (цемент), сирк (цирк), консерт (концерт) ва ғайра.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар банди 13-и лоиҳаи забони нави тоҷикӣ зикр гардидааст, ки ҳарфи «Ц» дар исмҳои хос дар забони тоҷикӣ истифода мешавад.

«Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо пешниҳод намуд, ки ҳарфи «Ц» комилан ба алифбои мо баргардонида шавад ё аз банди 13-и алифбои тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ доир ба дар исмҳои хос истифода шудани ин ҳарф гирифта шавад, зеро ин ба қоидаҳо мутобиқ нест», - мегӯяд Сайфиддин Мирзоев.

Ба қавли номбурда, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимони забоншинос ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, хотима додани истифодаи ҳарфи «Ц» дар исмҳои хосро низ пешниҳод мекунад. Пешниҳодҳо барои маъқул шуморидан ба парлумон ирсол мешаванд.